Арзёбии Эрон аз тасвиби созишномаи тиҷорӣ бо Русия ва кишварҳои ИИАО

Муовини вазири хориҷаи Эрон ахиран зимни як нишасти матбуотӣ дурнамои муомилоти тиҷорӣ бо Русия ва кишварҳои узви ИИАО-ро арзёбӣ кард.

Муовини вазири хориҷаи Эрон ахиран зимни як нишасти матбуотӣ дурнамои муомилоти тиҷорӣ бо Русия ва кишварҳои узви ИИАО-ро арзёбӣ кард.

Ба гузориши манбаъ:

Тасвиби созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз ҷониби Эрон ва Русия метавонад ба ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ мусоидат кунад ва тиҷоратро 30-40 дарсад афзоиш диҳад, гуфт Меҳдӣ Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон дар мусоҳиба бо РИА “Новости”.

Ҳафтаи гузашта сухангӯи ҳукумати Эрон гуфта буд, ки ҳукумат лоиҳаи қонуни тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба тасвиб расонд ва ба парлумон пешниҳод кардааст.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин як ҳафта пеш қонунро дар бораи тасвиби созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба имзо расонд.

Сафарӣ гуфт:

“Русия ва Эрон созишнома бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба тасвиб расонданд ва ба назари ман, муомилот дар чаҳорчӯби ин созишнома то ба ҳол хуб рушд кардааст. Аммо пас аз ин тасвиб ман фикр мекунам, муомилоти тиҷоратӣ, миёни Эрону Русия ва ҳамчунин миёни Эрон ва дигар кишварҳои ИИАО 30-40 дарсад афзоиш хоҳад ёфт”.

Созишнома миёни ҷонибҳо дар шаҳри Санкт-Петербург 25 декабри соли 2023 ба имзо расида буд.

Ҳадафи он соддагардонии тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Эрон тавассути коҳиш ё аз байн бурдани монеаҳои таруфавӣ ва ғайритарувавӣ ва дастгирии ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ин санад миёни давлати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)   дар авохири соли гузашта ба имзо расида буд.

Ҳукумати Эрон созишнома дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)  ва Эронро ба тасвиб расонд.

Иттилоъ додааст манбаъ дар истинод ба Алӣ Баҳодури Ҷаҳромӣ, намояндаи расмии Девони вазирони Эрон.

Ҷаҳромӣ гуфт: Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад