Хатари даргирии мустақим байни қудратҳои ҳастаӣ бисёр болост

Муовин вазири хориҷаи Русия ҳушдор дод, ки дар шароити кунунии ҷаҳон эҳтимоли хатари даргирии мустақим байни қудратҳои ҳастаӣ бисёр болост.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, “Сергей Рябков” муовини вазири хориҷаи Русия эълом кард, ки дар шароити кунунии ҷаҳон хатари даргирии мустақими мусаллаҳона байни қудратҳои ҳастаӣ вуҷуд дорад.

Вай дар инбора гуфт: Мо ба натиҷа расидаем, ки хатарҳои даргирии мустақим байни қудратҳои ҳастаӣ бисёр болост. Мухолифони ғарбӣ амдан шароити ғайри қобили қабулеро барои музокироти амниятӣ бо Маскав эҷод мекунанд.

Сергей Рябков ҳамчунин афзуд: Мо ба ин натиҷа расидаем, ки бояд ба оянда фикр кунем ва чигуна хатароти як даргирии мустақимро ба ҳадди ақал бирасонем. Гуфтугӯи ҳирфаӣ дар мавриди ин мавзӯъ бояд идома ёбад. Мутаассифона мухолифони мо расман шароити ғайри қобили қабули амдиро барои ин мавзӯъ матраҳ карданд.

Ба гуфтаи ин дипломати рус, Ғарб пешниҳод мекунад сиёсати хасмонаи худ дар қиболи Русияро фаромӯш кунем ва ба гуфтугӯ дар он қолабҳо бозгардад, ҳамонтавр, ки қабл аз буҳрони кунунӣ дар равобити Русия ва Ғарб буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад