Гуфтугӯи Шералӣ Мирзо бо вазири дифои Белорус

Вазирони дифои Тоҷикистону Белорус зимни суҳбати телефонӣ омодагӣ ба ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ намуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Шералӣ Мирзо, вазири дифои кишвар бо Виктор Хренин, вазири дифои Белорус тайи суҳбати телефонӣ омодагӣ ба ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ-ро баррасӣ намуд.

Тибқи ин гузориш, Вазирони дифоъ масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ, ки 3 июли соли равон дар Минск баргузор мешаванд, баррасӣ намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 3 июл дар Минск баргузор мешавад.

Дар ин ҷаласа масъалаҳои кунунии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Соли гузашта дар Тула ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд.

Дар ҷараёни мулоқот як қатор масоили муҳими ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ва низомию техникиро баррасӣ карданд.

Илова бар ин, вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳод Давлатҳои Мустақил дар бораи вазъи низомию сиёсии ҷаҳон табодули назар хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи ахир вазирони дифоъи Русия, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Белорус ширкат намуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад