Баргашти нахустин гуруҳи ҳоҷиён пас аз қабули “қонуни нави танзим” ба ватан

Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик имрӯз, 24-уми июн, аз шаҳри Мадина ба Душанбе баргаштанд. Онҳоро намояндагони Кумитаи дин ва наздикону пайвандонашон, ки чанд соат дар интизорашон буданд, бо гулу гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Ин гурӯҳи ҳоҷиён дар ҳайати 165 нафар рӯзи 25-уми май ба Арабистони Саудӣ рафта буданд ва давоми як моҳ он ҷо маносики Ҳаҷро ба ҷо оварданд.

Кумитаи дин иттилоъ додааст, ки бозгашти ҳоҷиён то 10-уми июл давом мекунад.

Пешвози ҳоҷиён солҳои пеш пурдабдаба сурат мегирифт ва хонаводаи ҳоҷиён маъракаҳои пурхарҷе баргузор мекарданд. Имсол ба қонунҳои Тоҷикистон тағйиру иловаҳои нав ворид гардид, ки бар асоси он маъракаҳои ҳоҷизиёрат манъ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Арбистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон ҳафт ҳазор квота ҷудо карда буд, аммо чанде пеш аз Кумитаи дин ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки каме бештар аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳаҷ рафтаанд.

Маблағи адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон имсол 57 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд, ки дар муқоиса ба соли қабл камтар аст.

Ҳаҷ яке аз аркони муҳими дини ислом буда, барои ҳамаи мусулмонон як бор анҷом додани он фарз аст, ба шарте, ки тавону қудрати онро дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад