Намое аз манораи боқимонда аз масҷиди зери об дар Сарбанди Туркия

Хабаргузориҳои Туркия саҳнаҳое аз зери об рафтани кулли рустои Каракурт дар устони Қорси Туркияро мунташир кардаанд, ки танҳо манораи масҷиди 100 солаи он намоён аст.

Ба гузориши хабаргузории Ихлоси Туркия, саҳнаҳое аз зери об рафтани кулли рустои Каракурт дар устони Қорси Туркия ва тахлияи русто пас аз баста шудани оби пушти садди Каракуртро мунташир карда аст.

Ин русто бо 200 хона ва баннои таърихӣ комилан дар оби сад ғарқ шуда ва танҳо манораи масҷиди куҳани ин минтақа бо қидмати сад сола рӯи сатҳи оби қобили мушоҳида аст.

Мардуме ки замоне сокини ин русто будаанд барои тамошои ин саҳнаи ғамангез атрофи дарёча ҷамъ шуда ва ғаму андӯҳи амиқи худ барои аз даст додани русто ва хотироти арзишманди худ иброз карданд.

Аҳолии ин рустои қадимӣ, бо ибрози таъассуф аз ғарқ шудани рустои худ гуфтанд: тамоми минтақа зери об рафта ва танҳо манораи масҷид аз он намоён асту бас.

Расонаҳои Туркия эълом карданд: бо баста шудани дарҳои садди Каракурт дар фасли баҳор, оби дарахтон ва баноҳои таърихии ин русторо зери об фурӯ бурд, ки танҳо манораи масҷиди 100 сола аз он боқӣ монда аст.

Гуфтанӣ аст таҳаррукоти тавсеа талабонаи Туркия дар ҳавзаи садсозӣ ва тасаллут бар манобеи обӣ бо ҳадафи эъмоли қудрат дар минтақа, анбӯҳе аз чолишҳои зистмуҳитӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро падид меоварад. Натоиҷи пажӯҳишҳо ва мутолиот намоёнгари он аст, ки ду пружаи бузурги садсозии Туркия, бо унвони «Гоп» дар ҳавзаи Диҷла ва Фурот ва «Доп» дар ҳавзаи Арас, амнияти обии минтақаро таҳдид ва ҳаққобаи кишварҳои поини дастро поймол мекунад.

Пас аз ифтитоҳи садди Каракурт дар кишвари Туркия, оби вурудӣ ба Арас 50 дарсад коҳиш пайдо карда, ки табаоти бисёр ваҳшатнокеро барои кишвари Эрон дорад. Ин маврид аз тариқи таъсир бар дашти Муғон, ки аҳамияти болое дар таъмини ғизои ин кишвар дорад, бар амнияти ғизоии он таъсир мегузорад. Таъмини оби ҳудуди 80 дарсади ин дашт аз об Арас аст, ки бо мушкил мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад