Омори даҳшатбор аз 260 рӯзи ваҳшигарии саҳюнистҳо дар Ғазза

Бо гузашти 260 рӯз аз таҷовузоти режими ишғолгар алайҳи Навори Ғазза, дафтари расонаии Ғазза омори даҳшатноке аз ваҳшигарии ин режим ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ ироа дода ва эълом кардааст, ки ҳамаи нишонаҳои зиндагӣ дар Ғаззаи нобуд шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, бо гузашти 260 рӯз аз таҷовузоти режими ишғолгар алайҳи Ғазза, дафтари расонаии давлати Фаластин дар Навори Ғазза омори даҳшатноке аз ваҳшигарии ин режим ва куштори ғайринизомиёни фаластинӣ ироа дода ва эълом кардааст, ки ҳамаи нишонаҳои зиндагӣ дар Ғазза нобуд шуда ва ин мизон аз ваҳшигарӣ, дар ҷаҳон бесобиқа ва ваҳшатнок аст.

Бар асоси ин баёния, низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ токунун 37 ҳазору 551 ғайринизомиро ба шаҳодат рисондаанд, ки 15 ҳазору 821 нафари онҳо кӯдак ва 10 ҳазору 475 нафари онҳо зан ҳастанд ва ин дар ҳоле аст, ки ҳануз наздики 10 ҳазор нафар аз шуҳадо зери овор қарор доранд ва ҳамчунин ҳазорон нафар низ ҳастанд, ки бедарак шудаанду хабаре аз сарнавишти онҳо дар даст нест. Арзёбиҳо нишон медиҳад, ки батаври миёнгин рӯзона беш аз 144 фаластинӣ дар ҳамалоти артиши Исроил кушта мешаванд ва ин омор дар таърихи даргирии арабӣ-исроилӣ ва ҳамчунин дар ҷангҳои муосир рақами бисёр ваҳшатноке аст.

Дафтари расонаии давлати Фаластин дар идомаи гузориши худ эълом кард, ки тимҳои ин созмон 3 ҳазору 331 ҷинояти ваҳшатноке, ки артиши Исроил алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ муртакиб шударо мустанад кардаанд. Бар асоси шавоҳиде ки вуҷуд дорад низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ғайринизомиёнро табдил ба аҳдофи “қонунӣ”-и худ кардаанд. Илова бар он токунун 152 рӯзноманигор ва 499 тан аз аъзои тимҳои пизишкӣ ва 70 нафар аз аъзои тимҳои дифои маданӣ дар ҳамалоти Исроил ба шаҳодат расидаанд.

Бар асоси ин гузориш ҳамчунин баъд аз гузашти 260 рӯз аз ҷанги Ғазза 85 ҳазору 911 фаластинӣ маҷрӯҳ шудаанд, ки ағлаби онҳо аз ғайринизомиён ҳастанд ва 70 дарсади қурбониёни кушторҳои Исроили алайҳи Ғаззаро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад