Дидори раис ва масъӯлони Қувваи қазоия бо раҳбари олии Эрон

Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, субҳи имрӯз дар дидори масъӯлони Қувваи қазоия, «ҳаллу фасли масъалаҳо ва ихтилофоти мардум бар асоси адолат» ва «ҷилавгирӣ аз убӯр аз хати қирмизи қонун»-ро аз масъӯлиятҳои аслии дастгоҳи қазо баршумурданд ва афзуданд: Муҳимтарин вазифаи дастгоҳи қазоӣ иҷрои шуҷоъона ва бидӯни мулоҳизаи адолат аст.

Оятуллоҳ Хоминаӣ, раҳбари олии Эрон, дар ибтидои ин дидор бо гиромидошти ёди шуҳадои дастгоҳи қазо аз ҷумла шаҳид Биҳиштӣ ва ҳамчунин шаҳид Раисӣ, ки собиқаи барҷастае дар Қувваи қазоия дошта аст, аз заҳамоти раис, масъӯлон, қуззот ва коркунони шарифи ин Қувва самимона ташаккур кард.

Раҳбари олии Инқилоби Исломии Эрон, бо таъкӣд бар ин ки дар Қуръон ва соири манобеи исломӣ бар камтар масаълае монанди «адолат» такя шудааст, шуҷоатро лозимаи иҷрои адолат донистанд ва гуфтанд: Ба фармӯдаи Имоми Саҷҷод (а), қувваи қазоия бояд багӯнае амал кунад, ки душманон худро аз зулм ва ҷавр дар амон бидонанд ва дӯстони наздик аз ҷониб дории ғайри одилона маъюс бошанд, ки агар ингуна шавад, масаълаи бисёр муҳимми «амнияти рӯҳӣ ва равонии мардум» таъмин хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Хоминаӣ бо ишора ба лузӯми барнома меҳварии Қувваи қазоия ва асноди хеле хуби таҳаввул дар ин Қувва, афзуданд: Бояд ин аснодро ба шакле иҷро кард, ки асари маҳсусе дар шохисҳои муҳими қазоӣ бигузорад.

Ишон кам шудани замони расидагӣ ба парвандаҳо, истеҳком ва итқони аҳкоми додгоҳҳои бадавӣ, ки мунҷар ба коҳиши нақзи ороъ дар раванди таҷдиди назар мешавад ва коҳиши гузоришҳо ва шикоёт ба созмони бозрасиро аз ҷумлаи шохисҳои муҳимме хонданд, ки бояд бо иҷрои асноди дастгоҳи қазо, беҳбуд ёбад.

Раҳбари Инқилоби Исломии Эрон, касрати парвандаҳои қазоиро мӯҷиби фишор рӯи қуззот ва коҳиши эҳтимоли итқон аҳком донистанд ва гуфтанд: Барои ҳалли мушкили муҳимми касрати парвандаҳои қазоӣ, бояд фикри асосӣ кард.

Иртиқои дониши қазоии ҳамаи қуззот бо истифода аз зарфияти Донишгоҳи Улӯми қазоӣ ва тақвияти неруҳои ҷиҳодӣ ду тавсияи дигари раҳбари олии Эрон ба масъӯлони дастгоҳи қазо буд.

Оятуллоҳ Хоминаӣ бо ибрози дағдаға нисбат ба кам будани суръати расидагӣ ба парвандаҳои дорои боздоштӣ ва дар натиҷа тӯлонӣ шудани муддати боздошти муваққати афрод, гуфтанд: таклифи ингуна ашхосро бояд зӯдтар мушаххас кард то касе ба иллати тӯлонӣ шудани расидагӣ ба парванда, дар сахтии зиндон қарор нагирад.

Раҳбари олии Инқилоби Эрон, ҳамчунин бо ишора ба ҳал нашудани мушкили бархе зиндониҳои дорои қарз афзуданд: Бархе ашхос агар то охири умр ҳам дар зиндон бошанд, қудрати пардохт қарзи худро надоранд, ки ин мушкил бояд алоҷ шавад.

Таъкид бар истиноди қуззот ба қавонини дохилӣ ва на манобеи ҳуқуқи башарии Ғарб, идомаи боздидҳои майдонии раиси дастгоҳи қазо ва пайгирии иҷрои тасмимоти умедбахш гирифта шуда дар ин боздидҳо нукоти дигари суханони раҳбари олии Инқилоби Эрон буд.

Ишон дар ҷамъ бандии ин бахш аз суханони худ гуфтанд: Багӯнае амал кунед, ки афкори умумӣ, Қувваи қазоияро адолатхона ва маркази эҳқоқи ҳуқуқи худ бидуни мулоҳизаи ҳуқуқӣ бидонад.

Раҳбари олии Инқилоби Эрон, дар бахши поёнии суханонаш тавсияи муҳиме хитоб ба номзадҳои интихоботии раёсати ҷумҳурӣ баён карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ барномаҳои интихоботии телевизионро хуб ва боиси ошноии мардум бо дидгоҳҳои гӯногӯне хонданд ва хитоб ба номзадҳои интихобот гуфтанд: мабоҳиси номзадҳо дар телевизион ё изҳороти дигари онҳо мӯҷиб нашавад, ки як номзад барои ғалаба бар рақиб, ҳарфи душманписанд ва душман шодкун бизанад.

Ишон афзуданд: Фарз бар ин аст, ки ҳамаи номзадҳо, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро дӯст доранд; чун мехоҳанд дар ин низом ва барои хизмат ба мардум, раисҷумҳур шаванд. Бинобар ин набояд ба гунае суҳбат кунанд, ки душман хушҳол шавад. Ҳарфи душман писанд зада нашавад. Ин як нуктаи муҳимме аст. Мумкин аст гоҳе ҳарфҳое содир бишавад, ки ин кишварро, миллатро, низоми Ҷумҳурии Исломиро душман шод кунад, ин ҷоиз нест. Ҳарфҳое, ки зада мешавад ҳарфҳое бошад, ки душмани кишварро, душмани миллатро, душмани низомро хушҳол накунад.

Дар ибтидои ин дидор, раиси дастгоҳи қазо ташкили мудовими коргурӯҳҳои муштараки Қувваи қазоия ва давлатро аз муҳимтарин иттифоқоти матлуби як соли гузашта унвон кард.

Оқои Ҳуҷҷатулислом Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, иқдомоте чун «иблоғи санади ба рӯз шудаи таҳаввули Қувваи қазоия» «ҳамкорӣ бо қуво барои ислоҳи қавонини иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз варшикастагии бархе корхонаҷоти бузурги тавлидӣ» «вуруди ҷиддӣ ба рафъи мушкилоти ҳуқуқии заминҳои мардум» «иртиқои назорати майдонӣ бар гумрукот, бандарҳо ва анборҳо» «назорати ҳушмандонаи фаъолиятҳои умронӣ ва коҳиши чашмгири сохтусозҳои ғайримуҷоз» «беш аз 400 ҳазор мулоқоти мардумии масъӯлони қазоӣ дар саросари кишвар» ва «пайгирии ҷадди дипламатики қазоӣ бо ҳамкории ситоди ҳуқуқи башар ва вазорати хориҷа»-ро аз муҳимтарин иқдомоти ин дастгоҳ баршумурд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад