Созишномаи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чин

Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ бастаанд.

Тоҷикистону Чин ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ бастаанд.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо дар ҷараёни ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба имзо расиданд, хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ду кишвар ширкат доштанд.

Ин ҳамоишро вазоратҳои рушди иқтисод ва тиҷорат, саноат ва фанновариҳои нав ва сафорати Чин дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ ташкил кардаанд.

Тарҳҳое, ки дар ҷараёни ҳамоиши тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба имзо расидаанд, барои таҳкими равобити иқтисодии кишварҳо пешбинӣ шудааст

Дар натиҷа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба сохтмони корхонаи маъдани оҳан дар кони “Шоҳқадамбулуқ”, таъмин ва насби иншооти сатҳи байналмилалӣ ҳангоми сохтмони варзишгоҳ барои 3 ҳазор ҷойи нишаст дар Душанбе, интиқоли мошинҳои барқӣ барои хизматрасонии таксӣ дар Душанбе, сохтмони маркази логистикӣ ва корхонаи металлургии “Талко Голд” ба имзо расид.

Тавре аз Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ қайд карданд, лоиҳаҳо барои таҳкими равобити иқтисодии Тоҷикистону Чин пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузории Чин ба иқтисоди кишвар дар 10 соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад