Ирсоли колоҳои Туркия ба Исроил аз дигар мамлакатҳо

Дар ҳоле ки мақомоти Туркия эълом карда буданд, содироти коло ба Исроилро мутаваққиф кардаанд нашрияи “Middle East Eye” эълом кард, ки туҷҷори Туркия аз дигар мамлакатҳо колоҳои худро ба Исроил содир мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳоле ки Туркия дар моҳи гузашта эълом кард, ки содироти коло ба Исроилро мутаваққиф кардааст, нашрия “Middle East Eye” эълом кард, ки ирсоли коло аз кишварҳои сеюм ба монанди Юнон ба Исроил идома дорад.

Бар асоси ин гузориш, ду тоҷири Туркия ба “Middle East Eye” гуфтаанд, ки аз авоили моҳи май, колоҳои Туркия аз Юнон ва соири кишварҳои ҳамсоя барои расидан ба Исроил дигарбора масирёбӣ шудаанд.

Иттилоот нишон медиҳад, ки содироти Туркия ба Юнон дар моҳи май ба 375 миллион доллар расида, ки 71 дарсад аз 219 миллион доллар дар моҳи мушобеҳи соли гузашта бештар аст.

Рақамҳои идораи марказии омори Исроил (CBS) нишон медиҳад, ки ин режим дар моҳи май 116 миллион доллар коло аз Туркия ворид карда, ки нисбат ба 377 миллион доллар дар моҳи мушобеҳи соли гузашта 69 дарсад коҳиш доштааст.

Коршиносон пештар гуфта буданд, ки иддаои қатъи равобити тиҷории Туркия бо Исроил барои ҳимоят аз Ғазза аз сӯи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, зоҳирӣ ва дар ҷиҳати ҷалби афкори умумӣ мебошад ва ин кишвар ба сурати пинҳон ба тиҷорати худ бо Исроил идома хоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад