Дидор ва гуфтугуи Лавров ва Муҳриддин дар бораи вазъи Осиёи Марказӣ

Мулоқоти ҷонибҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки дар Алмаато баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Мулоқоти ҷонибҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки дар Алмаато баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Ба гухориши манбаъ:

Русия ва Тоҷикистон ба ҳамоҳангсозии наздики фаъолияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ равонанд.

Дар ин бора дар мулоқоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон матраҳ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Русия.

Суҳбати сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД, ки дар Алмаато баргузор шуд, сурат гирифт.

Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, гуфт вазорати хориҷаи Русия.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот онҳо “таваҷҷуҳ ба ҳамоҳангсозии зич фаъолияти бахшҳои сиёсати хориҷӣ”-ро таъйид ва дар бораи “ҷадвали тамосҳои минбаъда тавассути раҳбарияти онҳо” мувофиқа карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви СПАД дар Алмаато бидуни ширкати Арарат Мирзоян, вазири умури хориҷии Арманистон дар пасманзари изҳороти нахуствазир Никол Пашинян дар мавриди хуруҷи ин кишвар аз СПАД, ки гуфт давлаташ аз созмон кадом вақте, ки ҳукумат зарур мешуморанд, мебарояд, баргузор шуд.

 Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Мақомоти кишвар ба СПАД пешниҳод намудааст, ки барномаи таҳкими марз бо Афғонистон дар моҳи июл ба имзо расонида шавад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД дар Алмаато пешниҳод кардааст, ки дар моҳи июли соли равон барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марз бо Афғонистон ба имзо расад.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханрониаш дар ин ҷаласа гуфтааст: “Имрӯз бо қабули қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ раванди музокироти ёздаҳсола дар бораи таҳияи барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД роҷеъ ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба поён мерасад. Тоҷикистон дархост менамояд, ки пешниҳодҳои Шӯрои амнияти СПАД дар ин масъала дар давоми моҳи июл ба имзо расад”.  Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад