Чаро “Сайидҳасан Насруллоҳ“ ба Кипр ҳушдор дод?

Изҳороти ахири дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки тайи он ҳушдор дод дар сӯрати истифода аз хоки Кипр барои ҳадаф гирифтани хоки Лубнон, ин кишвар мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт вокуниши ҳамроҳи бо нигаронии Никосияро барангехтааст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳушдор дод, ки агар Кипр ба режими ҷинояткори саҳюнистӣ иҷозаи истифода аз банодир ва фурудгоҳҳои худ барои ҳадаф гирифтани хоки Лубнонро бидиҳад, метавонад мавриди ҳамла қарор гирад. Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард: Мо ба давлати Кипр ҳушдор медиҳем, ки агар фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои худро ба рӯй режими ҷинояткори саҳюнистӣ барои ҳадаф қарор додани Лубнон бигушояд, бахше аз ҷанг хоҳад буд. Мо ба ҳамбастагӣ, ҳимоят ва кумаки худ ба Ғазза идома хоҳем дод ва барои ҳамаи этимолот омодаем ва ҳеҷ чизе моро аз анҷоми ин вазифа боз нахоҳад дошт.

Дар вокуниш, аммо “Никос Кристодулидес“ раиси Ҷумҳурии Кипр рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ин кишвар ҷазирае дар шарқии Медитарана, дар ҳеҷ амалиёти низомӣ дар минтақа ё ҷои дигар дахолат надорад. Ӯ муддаӣ шуд, ки кишвараш бахше аз роҳи ҳал аст на бахше аз мушкил ва нақши Никосия дар каридори башардӯстона барои Ғазза тавассути ҷаҳони Араб ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст.

Парвандаи пойгоҳҳои низомӣ

Иттилоот ва ахбори дақиқ аз истифодаи режими ҷинояткори саҳюнистӣ аз пойгоҳҳои Кипр ва ин ки давлати Кипри чунин имконоте ба ин режими саҳюнистӣ дода бошад дар даст нест вале равобити ин ду тараф ахирани рӯ ба беҳбӯдӣ рафта аст ва дар гузашта гоҳе Кипр иҷозаи убӯри ҳавопаймоҳои исроилӣ аз фазои ҳавоияшро барои размоиш медод.

Артиши режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ соли гузашта размоиши низомӣ дар арозии Кипр таҳти унвони “Хуршеди обӣ“-ро оғоз кард, ки ба унвони шабиҳсозӣ барои ҷанг дар Лубнон анҷом шуд.

Дар майи 2022 садҳо тан аз сарбозони артиши режими саҳюнистӣ аз ҷумла неруҳои вижа барои мушорикат дар охирин ҳафтаи тамрини бузурге, ки муддат замони он як моҳ буд, ба Кипр рафтанд то ҷанг алайҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва бомбаборони таъсисоти ҳастаии Эронро шабеҳ созӣ кунанд.

Дар марти 2016 вазорати дифои Кипр эълом кард, ки размоиши низомӣ муштаракии худ бо режими саҳюнистиро оғоз кардааст.

Ин ниҳоди низомӣ дар ҳамон замон изҳор дошт, ки размоиши мазкӯр таҳти унвони (Oni̇si̇llos – Gedeon 1 – 2016) дар ростои иҷрои тавофуқномаи ҳамкории низомӣ миёни ду тараф аст.

Дар марти соли гузашта низ рӯзномаи ибрӣии “Едиот Аҳаронот“ гузориш дод, ки режими саҳюнистӣ дар садади дар даст гирифтани кантроли бандари Кипр ба баҳонаи ҳимоят аз воридоти коло дар сӯрати ҳадаф қарор гирифта шудани бандари Ҳайфа дар шимоли Фаластини ишғолӣ аст.

Ба иддаои ин рӯзнома, иқдоми мазкӯр дар чаҳорчӯби талоши режими саҳюнистӣ барои эҷоди роҳи ҳалли дарёӣ барои воридоти коло ба арозии ишғолӣ бахусӯс дар масаълаи амнияти миллӣ ва чолишҳои марбӯт ба хадамоти ҳамлу нақли дарёӣ аст.

Ин рӯзнома идома дод, ки ҳазинаи тақрибӣ барои ин иқдом ҳудӯди 140 милюн доллар аст ва Киприҳо нисбат ба он алоқа нишон додаанд.

Кипр, ба унвони узви Иттиҳодияи Аврупо, чанд пойгоҳи ҳавоӣ – низомӣ дорад, пойгоҳи ҳавоии “Андреас Папандреу“, ки пойгоҳи Пафоси неруи ҳавоии Кипр аст дар пойгоҳи “Лакатамия“ дар Никосия қарор дорад.

Ду пойгоҳи англисии “Акротири“ ва “Деклия“ аз замоне, ки Кипр мустақил нашуда буд ва ҷузви императории Британя буд дар ин ҷазира ҳастанд. Ин ду пойгоҳи неруи ҳавоии Англис акнӯн худ мухтор ҳастанд ва давлати Кипр кантроле бар онҳо надорад.

Вазорати дифои Англис моҳи ноябри гузашта гуфт барои кумак ба наҷоти гаравгонҳои англисӣ дар Ғазза парвозҳои шиносоӣ дар Медитиранаи Шарқӣ бар фарози Фаластини ишғолӣ ва Лубнон анҷом медиҳад, аммо таъкид кард ин ҳавопаймоҳо “муҷаҳҳаз ба силаҳ нестанд ва ҳеҷ нақши размие надоранд. “Гумон меравад ин парвозҳо аз ҳамин ду пойгоҳ анҷом шуда бошанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад