Тасвиби тавофуқномаи тиҷорати озод байни Эрон ва ИИАО

Ин санад миёни давлати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)   дар авохири соли гузашта ба имзо расида буд. 

Ин санад миёни давлати Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)   дар авохири соли гузашта ба имзо расида буд.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳукумати Эрон созишнома дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)  ва Эронро ба тасвиб расонд.

Иттилоъ додааст манбаъ дар истинод ба Алӣ Баҳодури Ҷаҳромӣ, намояндаи расмии Девони вазирони Эрон.

Ҷаҳромӣ гуфт:

“Девони вазирон лоиҳаи созишномаи тиҷорати озод байни кишварҳои ИИАО ва Эронро таъйид кард”.

Созишнома дар охири моҳи декабри соли гузашта ба имзо расида буд. Қаблан ин паймон аз ҷониби Арманистон низ ба тасвиб расида аст.

Эрон барои дарёфти мақоми нозир дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дархост карда буд.

Айни замон Арманистон, Белорус, Қозоқистон, Қирғизистон ва Русия шоми ИИАО мебошанд. Узбекистон, Куба ва Молдова дар ин иттиҳод мақоми нозирро доранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)  бо кишвари Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд. Ба иттлои омори расмӣ содирот аз (ИИАО)  ба Эрон афзоиш ёфтааст.

Эрон яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии (ИИАО)  ба шумор рафта, дар байни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷои сеюм қарор дорад.

Дар оянда содирот дар ба ин кишвар, аз ҷумла аз ҳисоби маҳсулоти гӯштӣ афзоиш хоҳад ёфт. Идомаи матлаб дар …  

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад