Ваҳшати раисҷумҳури Кипр баъди таҳдиди Ҳизбуллоҳ

Раисҷумҳури Кипр дар суханоне иддао кард, ки ин кишвар ҳеҷ нақше дар даргириҳои низомӣ надорад ва танҳо воситае барои ирсоли кумакҳо ба Ғазза аст!

Ба гузориши ТоҷикПресс, Никос Кристодулидес, раисҷумҳури Кипр пас аз ҳушдори Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бораи ҳамкории ин кишвар бо режими саҳюнистӣ гуфт: “Мо тарафи касе нестем”.

Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, ӯ гуфт: “Мо дар ҳеҷ даргирие иштирок намекунем ва тарафи касе нестем, мо бахше аз роҳи ҳал ҳастем мушкил нестем”.

Сайидҳасан Насруллоҳ рӯзи чаҳоршанбе дар суханронии худ (дар ишора ба ҳамкории Кипр бо режими саҳюнистӣ) гуфт: “Фақат як калима хитоб ба Кипр мегӯям, ки давлати Кипр бояд аз гушӯдани фурудгоҳҳояш ба рӯи душман барои ҳамла ба Лубнон парҳез кунад, зеро чунин иқдоме ба ин маъност, ки Кипр бахше аз ҷанг буда ва мо бо ин кишвар бар асоси ин ки шарики ҷанг аст, бархӯрд хоҳем кард”.

Раисҷумҳури Кипр иддао кард, ки нақши ин кишвар танҳо ирсоли киштиҳои ҳомили кумак аз бандари “Ларнака” ба Ғазза аст.

Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё ҳануз канали иртиботӣ бо Ҳизбуллоҳ ё давлати Лубнон вуҷуд дорад, гуфт: “Албатта як канали иртиботӣ ҳам бо давлати Лубнон ва ҳам бо давлати Эрон вуҷуд дорад каналҳои иртиботӣ аз тариқи масири дипломатик ҳастанд”.

Раисҷумҳури Кипр дар посух ба ин ки “оё аз суханони дабири кулли Ҳизбуллоҳ нигарон ҳастед”; гуфт: “Изҳороти хубе набуд ва ҳаргиз бо воқеият ҳамхонӣ надорад ва талоше буд то Кипрро даргир дар фаъолиятҳои ҷангӣ нишон диҳад, ки комилан хилофи воқеият буд”.

Мункир шудани комили ҳамкорӣ бо режими саҳюнистӣ аз сӯи раисҷумҳури Кипр, бо суханони сафири ин кишвар дар Тел-Авив созгорӣ надорад.

Сафири Кипр дар Исроил шомгоҳи чаҳоршанбе ба вебгоҳи арабии ВойНет гуфт: “Мо дар ҳамоҳангии густардае бо Исроил кор мекунем”.

Ӯ дар посух ба ин ки оё аз суханони Сайидҳасани Насруллоҳ ғофилгир шудааст, гуфт: “Ҳам бале ва на; равобити Исроил ва Кипр ҳаргиз монанди акнун дар авҷи худ қарор надошта ва ҳама чиз мушаххас аст”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад