Боздошти Ҳамроҳхон Зарифӣ вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дипломати собиқадор, боздошт шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дипломати собиқадор, боздошт шудааст.

Чанд манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми июн тасдиқ карданд, ки Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 12-уми июн дастгир шудааст. Ба гуфтаи яке аз манбаҳо, ӯ то рӯзи 16-уми июн дар Боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуд, вале ҳоло намедонад, ки ӯ дар куҷост. Хабарҳое ба гӯш расид, ки пас аз бозпурсӣ раҳо шудааст, вале касе раҳоии ӯро тасдиқ накард.

Мақомот низ расман боздошт ё раҳо шудани ӯро тасдиқу рад накардаанд.

Зарифии 75-сола бознишаста буд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби дақиқи боздошти ӯро намедонанд. Танҳо як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, ки “боздошт ба ҷинояти иқтисодӣ ва ба кораш дар сохтмони бинои Вазорати корҳои хориҷӣ рабт дорад.”

Ҳамрохон Зарифӣ дар рӯзе боздошт шудааст, ки Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон, бо иттиҳоми “ғасби ҳукумат” боздошт шуд.

Мухолифони тоҷик боздошти Зарифиро ба парвандаи Усмонзода рабт доданд. Мақомот дар ин бора шарҳе намедиҳанд. Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, ӯ бо Саидҷаъфар Усмонзода робита дошт, вале рабт доштани боздошти ӯ ба парвандаи вакили собиқи порлумонро дақиқ намедонанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июн аз вакилони порлумон хост, ки мақоми вакилии Усмонзодаро бекор кунанд. Ҳамаи вакилони ҳозир дар ҷаласа ба бекор шудани узвияти Усмонзода ва иҷозаи боздошти ӯ раъй доданд.

Наздикони Усмонзода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки иттиҳоми талош барои ғасби ҳукумат “туҳмат аст ва ӯ дар зеҳнаш чунин нақшае надошт”.

Ҳамрохон Зарифӣ аз соли 2006 то 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Баъди рафтан аз мақоми вазири корҳои хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуда, пайваста аксҳои зиёдеро аз ҷараёни сафарҳо ба хориҷ ва гаштугузор дар боғу гулгаштҳоро нашр мекард.

Пас аз ду соли барканорӣ аз мақоми вазири корҳои хориҷӣ, соли 2015, ӯро сафири Тоҷикистон дар Ҷопон таъйин намуданд. То соли 2018 дар ин мақом кор кард ва сипас бознишаста шуд.

Вай дар замони Шӯравӣ 19 сол дар сохтори КГБ, Кумитаи амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1993 ба кор дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузашта, солҳои 1995-1996 муовини вазир, 1996-2002 намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА ва СММ ва ҳамзамон сафир дар Австрия, Швейтсария ва Маҷористон, солҳои 2002-2006 сафир дар Амрико буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пешниҳоди Додситонии кул ба ҳабс гирифта шуд.

Ба нақл аз Спутник, Хабаргузории “Ховар” ахиран бо нашри як хабарнома аз Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки бо пешниҳоди Додситони кулл Юсуф Раҳмон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Усмонзода Саъидҷаъфар ба ҳабс гирифта шудааст.  Идомаи матлаб дар …  

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад