Афзоиши квотаҳои таҳсилии донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни ИДМ

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки теъдоди квотаҳо барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, афзоиш хоҳад ёфт.

Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки теъдоди квотаҳо барои ҷавононе, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши манбаъ:

Маскав талошҳоро барои зиёд кардани квотаҳо дар донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил идома хоҳад дод.

Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин зимни ҷаласаи Форуми байналмилалии парлумонии ИДМ “Хонишҳои Пушкин” баён дошт.

Вай гуфт:

“Мо ҳавасманди шарикони ИДМ барои афзоиши шумори донишҷӯёнашон дар Русияро мебинем”.

Ба гуфтаи муовини вазири хориҷӣ, танҳо дар ду соли ахир Русия квотаҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ба мисли Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбекистонро ба маротиб афзоиш додааст.

Галузин таъкид намуд:

“Албатта, ин раванд мувофиқи карорҳое, ки дар сатхи рохбарияти олии ҳукуматии Русия қабул карда мешаванд, давом хоҳад ёфт… Мо ин масъаларо зери назорати доимӣ мегирем”.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки талабот ба муассисаҳои таҳсилоти олии Русия дар ҳоли ҳозир зиёд аст.

Ба ин тартиб, тибқи иттилои Россотрудничество, дар Тоҷикистон озмуни дохилшавӣ ба як ҷой ба 8 нафар рост меояд. Дар Узбекистон ба 5 довталаб рост меояд.

Довталабон донишгоҳҳои тиббӣ, инчунин факултаҳое, ки мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотиро омода мекунанд, бештар алоқамандӣ доранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, метавонанд барои ширкат дар озмуни интихобӣ аз тариқи онлайнӣ ба таври ройгон муроҷиат кунанд.

Агентии федералии “Россотрудничество” раваанди қабули довталабон аз кишварҳои ИДМ ба донишгоҳҳои Русияро тамдид мекунад. Акнун имкон аст, то 25 ноябр барои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия дар бахши бакалавр, магистратура, ординатура ва аспирантура ҳуҷҷат супоред.

Муовини раиси ин агентӣ дар суҳбати гуфт : Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад