Уфули қудрати сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ

Нетаняҳу пас аз инҳилоли кобинаи ҷанг, ҳолу рӯзи баде дорад ва интизор меравад дар ҳафтаҳои оянад, режими саҳюнистӣ бо мушкилоти дохилии бузургтаре мувоҷеҳ шавад.

Барҳам хурдани кобинаи ҷанги режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба дастури Бенямин Нетаняҳу нахуствазири режими ғосиб ва хуношоми саҳюнистӣ, нуқтаи атфи дигар дар раванди уфули қудрати сиёсӣ ва низомии режим аст он ҳам дар шароите, ки бар асоси иттилооти ифшо шуда тавассути худи расонаҳои исроилӣ, Бенямин Нетаняҳу на аз сари иқтидор ва тасмими шуҷоъона, балки ба хотири тарс ва нигаронӣ даст ба чунин иқдоме задааст. Ҳоло мехоҳем бидонем, ки шароити ҷадиде барои Бенямин Нетаняҳу ва дигар тундравҳои режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ чигуна рақам мехӯрд ва онон бо чӣ чолишҳои бузурге рӯбарӯ ҳастанд.

Интишори хабари барҳам хурдани кобинаи ҷанг, мавзӯъи соддае нест, ки бишавад ба содагӣ аз канори он гузашт. Фаромӯш накунем ин ҳамон кобинае аст, ки пас аз амалиёти Ҳамос мавсум ба Тӯфони Ал-Ақсо дар соли гузашта таъсис шуд ва қарор буд ба гумони худи сарони режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ, бо як ҷанги густурда ва беамон, кори муқовимати исломии Ҳамос ва ҳамаи муборизини Фаластиниро яксара кунад! Аммо ҳоло, ки наздик ба 9 моҳ аз он рӯзҳо гузашта, саҳюнистҳо бо як лашкари хаста ва дар монда, ки рӯҳияи худро бохта ва нақшае барои мудирияти шикаст надорад, дар доми хушунати худ гирифтор мондааст. Бо вуҷуди ҷиноёти бесобиқа ва хушунати беҳад ва марзи артиши режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғазза, ин режим натанҳо дар майдони низомӣ ва иттилоотӣ – амниятӣ, балки дар ҳавзаи мудирият чолишҳои дохилӣ низ бо шикаст мувоҷеҳ шуда ва интизор меравад дар ҳафтаҳои оянда, режим бо мушкилоти дохилии бузургтаре мувоҷеҳ шавад.

Бо он ки тими амниятии Кохи Сафед дар Иёлоти Муттаҳида, ба Нетаняҳу сифориш карда буданд, ки феълан кобинаи ҷангро сари по нигаҳ дорад, аммо арзёбии амниятии дохилии тундравҳои ҳомии Нетаняҳу, ҳокӣ аз ин буд, ки Итамар бен Гойер ва Смотрих ба зудӣ бо ҳар абзор ва имкони лозим, дар кобинаи ҷанг ҷой мегиранд ва ҳеҷ кадом аз ин ду нафар, монанди Гантс мустаъфӣ, қобили маҳоре нахоҳад буд.

Истеъфои Гантс ва Эйсенкот аз кобинаи ҷанг, шароитро барои Нетаняҳу душвортар кард. Чаро, ки онон, бемаҳобо эълом карданд, ки стратегияи сиёсӣ ва низомии Нетаняҳу, ҳосиле ҷуз шикаст надошта ва бақои режими саҳюнистиро ба хотири хатоҳои роҳбурдии ӯ дар хатари нобудӣ қарор медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад