Ҳамос: миллати Фаластин дар ваҳшиёнатарин ҷиноятҳои таърих қарор дорад

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар баёнияе ба муносибати рӯзи Иди саиди Қурбон, уммати исломиро ба ҳимоят аз муқовимат ва пойдории миллати Фаластин фарохонд.

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар баёнияе ба муносибати рӯзи Иди саиди Қурбон, уммати исломиро ба ҳимоят аз муқовимат ва пойдории миллати Фаластин фарохонд.

Ба нақл аз вебгоҳи Шаҳоб Ниоз, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос имрӯз якшанбе дар баёнияе ба муносибати Иди саиди Қурбон таъкид кард, ки бо фаро расидани Иди саиди Қурбон, ба эҳтироми миллати бузурги Фаластин ба вижа мардуми Ғазза ба по меистем.

Ҳамос таъкид кард, ки имсол ҳамзамон бо Иди саиди Қурбон, миллати Фаластин дар маърази ваҳшиёнатарин ҷиноятҳои таърихи муосир қарор дорад, ки дар ин ҷанг миллати бузурги Фаластин дар канори муқовимати қаҳрамон дар набарди Тӯфони Ақсо, ки 8 моҳ аст идома дорад ва тайи он беш аз 122 ҳазор нафар шаҳид ва маҷрӯҳ ва беш аз 10 ҳазор нафар мафқуд (гум) шуданд, истодааст.

Ин ҷунбиш баён кард, ки миллати бузурги Фаластин дар навори Ғазза ва дохил ва хориҷи Фаластин дар набарди Тӯфони Ақсо ба ниёбат аз уммат ва барои дифоъ аз сарзамини мубораки Фаластин ва Масҷидулақсо, қиблаи нахусти мусулмонон ва севумин ҳарами шариф дар баробари душмани саҳюнистӣ истода ва ба он зарбаҳои сахт ворид мекунад.

Ҳамос ин иди муборакро ба саросари уммат табрик гуфт ва уммати исломӣ ва арабиро ба ҳимоят аз пойдорӣ ва муқовимати миллати Фаластин ва талоши ҳарчи бештар барои имдодрасонӣ ба он дар ҷанги наслкушӣ дар Ғазза фарохонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад