Вуруди як миллиону 500 ҳазор зоири хонаи Худо ба саҳрои Арафот

Имрӯз нӯҳуми Зулҳиҷҷаи 1445 дар Арабистон, беш аз як миллион ва понсад ҳазор зоири хонаи Худо барои адои маносики Ҳаҷ роҳии саҳрои Арафот шуданд. 

Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, беш аз яку ним миллион зоири хонаи Худо имрӯз (шанбе) нӯҳуми Зулҳиҷҷаи 1445 ҳиҷрии қамарӣ дар Арабистон барои адои маносики Ҳаҷ роҳии саҳрои Арафот шуданд.

Зоирони хонаи Худо пас аз он ки шабро дар Машъари Мино сипарӣ карданд, роҳии Арафот шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳушдорҳои расмӣ дар Арабистон дар бораи обуҳавои ин кишвар афзоиш ёфта ва вазорати беҳдошти ин кишвар эълом кардааст, ки афзоиши дараҷаи ҳарорат бузургтарин нигаронии Ҳаҷҷи имсол ба шумор меравад. Ин вазоратхона аз зоирон хост барои ҳифзи оби бадан аз чатр истифода кунанд ва оби бештаре бинушанд.

Вазорати кишвари Арабистон пештар дар баёнияе аз такмили интиқоли зоирон аз Маккаи Мукаррама ва Масҷидулҳаром ба Мино барои иқомати шабона дар он ва рафтан ба Арафот ба манзури вуқуф бар Арафот хабар дода буд. Сухангӯи амниятии ин вазоратхона гуфт: то поёни маросими Ҳаҷҷи имсол як ҳалқаи амниятӣ дар атрофи машоири муқаддаса эъмол хоҳад шуд.

Кӯҳи Арафот дар ҷоддаи байни ду шаҳри Макка ва Тоиф ва дар 10 километрии Машъари Мино воқеъ аст. Зоирон пас аз иқомаи намози зӯҳр ва аср дар Арафот ба хутбаи Арафа аз масҷиди Намра гӯш медиҳанд ва қабл аз рафтан ба Муздалифа, ки пас аз ғуруби хуршед имрӯз хоҳад буд, ба дуо ва ниёиш мепардозанд. Онҳо шабро дар Муздалифа сипарӣ мекунанд ва барои рамйи ҷамра омода мешаванд.

Субҳи фардо даҳуми Зулҳиҷҷа дар Арабистон, зоирон барои анҷоми рамйи ҷамра ақибаи кубро ба Мино бармегарданд сипас мӯҳои худро метарошанд ва қурбонӣ мекунанд.

Ҳазрати Муҳаммад (с) охирин суханронии худро, ки ба хутбаи Видоъ маъруф аст, 1435 сол пеш дар кӯҳи Арафот баён кард.

Пас аз анҷоми маносик дар Арафот, зоирон ба Муздалифа мераванд то сангрезаҳоеро ҷамъоварӣ кунанд, ки аз онҳо дар сангсори намодин сутунҳое, ки намоди шайтон дар Мино ҳастанд истифода мекунанд. Зоирон пас аз он ба муддати се рӯз ба Мино боз мегарданд, ки мусодиф бо иди Қурбон аст; Ҳоҷиёне, ки аз назари молӣ тавонманд ҳастанд, қурбонӣ карда ва гӯшти онро байни фуқаро тақсим мекунанд. Сипас барои тавофи охир ба Макка боз мегарданд, ки ба тавофи видоъ маъруф аст.

Сипас аксари зоирони Маккаро ба мақсади шаҳри Мадина дар фосилаи 340 километрӣ тарк мекунанд то дар мазори ҳазрати Муҳаммад (с) намоз бихонанд. Ин мақбара бахше аз Масҷидуннабӣ аст, ки яке аз се макони муқаддас дар Ислом ба ҳамроҳи Масҷидулҳаром дар Макка ва Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад