Тоҷикистон мухолифи ҳузури намояндаи Толибон дар Шанхай

Мухолифати Тоҷикистон бо мушорикати Толибон дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай ба унвони як нуқтаи ихтилоф дар миёни кишварҳои узви ин созмон аст.

Ба гузориш ТоҷикПресс, дар ҳамин робита, Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон гуфт, ки ин мавзуъ дар шӯрои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар 20 то 21 моҳи май дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, мавриди баҳс қарор гирифт.

Кобулов гуфт, ки Маскав ва аксарияти ширкаткунандагон дар шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз саргирии коргуруҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон ҳимоят карданд, аммо Тоҷикистон дар ин замина тардидҳое дорад, ки Русия умедвор аст, мавзеи Душанбе дар ин замина талтиф шавад.

Ӯ афзуд мавзуи аз саргирии коргуруҳи Созмони ҳамкории Шанхайи Русия мавриди баҳс қарор гирифт ва аксарияти ширкаткунандагон дар ин рӯйдод мувофиқи аз саргирии кор буданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад