Паёми табрики Путин ба муносибати Иди саиди Қурбон

Президенти Русия дар паёми табрики худ ба муносибати Иди Қурбон аз саҳми калони созмонҳои исломӣ дар ҳифзи ваҳдат гуфт.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, саҳми созмонҳои мусалмониро дар ваҳдати мардум, рушди муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳоро қайд кард.
Президенти Русия гуфт, ки созмонҳои мусалмонӣ дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдат байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд.
Путин дар паёми худ гуфт: “Мусулмонони Русияро бо фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям, ин ид барои ба ҳам наздик кардани мардум, пойдор сохтани ормонҳои шафқат, адолат ва эҳтиром хизмат мекунад. ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва умқи арзишҳои пояндаи маънавии исломро ошкор месозад”.
Раисҷумҳури Русия боиси хушнудӣ хондааст, ки ҳаёти уммати мусулмони кишвар, бо кору иқдоми нек, ташаббусҳои нав дар соҳаи фарҳанг, маориф ва маърифат ғанӣ мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад