Чаро Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ осебпазир аст?

Пас аз амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо ин эҳтимол аз сӯи коршиносон матраҳ шуд, ки мумкин аст пас аз 17 сол бори дигар набарди ҷадиде миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Исроил оғоз шавад.

Бо афзоиши замзамаҳои расонаӣ – сиёсӣ дар хусуси эҳтимоли лашкаркашӣ ва ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон, гумоназаниҳо дар хусуси мизони омодагии муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон барои таҷовузи заминии ягонҳои зиреҳии Исроил ва дар айни ворид кардани зарбаи мутақобил ба душмани саҳюнистӣ ташдид шудааст. Дар ҷараёни ҷанги 33 рӯзаи Ҳизбуллоҳ танҳо бо дар ихтиёр доштани зарродхонаи муҷаҳҳаз ба 15 ҳазор мушак ва бо такя бар неруҳои нухбаи худ тавонист ҷилави пешравии артиши Исроилро гирифта ва ишғолгаронро бори дигар маҷбӯр ба ақибнишинӣ кунад.

Бисёре аз коршиносон мӯътақиданд имрӯз шароити мутафовите дар майдони набард ҳоким аст ва муқовимати Лубнон бо бархурдорӣ аз анвои таслиҳоти пешрафта ва паҳподҳо ва баҳрамандӣ аз таҷрибаи набард бо терроризм дар Сурия даст болоро дар ихтиёр дорад. Эран Этсион, муовини раиси Шӯрои амнияти дохилии Исроил дар ҷараёни ҷанги 33 рӯза ба Нюзвик (Newsweek) гуфта, ки масъалаи душвор он аст, ки мизони шонси пирӯзӣ бар Ҳизбуллоҳро арзёбӣ кунем.

Майдони аслии набард эҳтимолан миёни артиши Исроил ва неруҳои муқовимати Лубнон дар маҳдудаи миёни рӯдхонаи Лиати ва хатти марзӣ «обӣ» хоҳад буд.

Истеъдодҳои низомии Ҳизбуллоҳи Лубнон

Бар асоси иттилооти мунташир шуда аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон теъдоди неруҳои ин ҷунбиш қариб ба 100 ҳазор нафар тахмин зада шудааст. Албатта бархе манобеи ғарбӣ ин рақамро 50 ҳазор нафар (30 ҳазор неруи фаъол ва 20 ҳазор неруи захира) низ эълом карданд. Ин неруҳои бар асоси асли фармондеҳии ғайр мутамаркиз амал карда ва бо истифода аз асли пинҳон корӣ дар ҷанги шаҳрӣ ба неруҳои душман зарба мезананд. Ба гузориши Sky News теъдоди мушакҳои ин гурӯҳи лубнонӣ ба 100 ҳазор адад мерасад, аммо бархе манобеъ ин рақамро 150 ило 200 мушак эълом карданд. Нуктаи калидӣ он аст, ки шаҳид Сайид Муҳаммад Ҳусейнзодаи Ҳиҷозӣ, нақши муҳимме дар иртиқои сатҳи кайфият ва нуқтаи зании мушакҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ифо карданд.

Аз ҷумла мушакҳои муқовимати Лубнон метавон ба «Раъд», «Фаҷр», «Зилзол» ва «Фотеҳ» ишора кард, ки партоби ҳамзмони онҳо имкони ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ҳаётӣ дар Фаластини ишғолӣ, монанди махозини захираи Аммиак дар бандари Ҳайфоро фароҳам хоҳад кард. Дигар силоҳи роҳбурдии Ҳизбуллоҳи Лубнон дар набарди бо артиши кӯдаккуш ва ҷинояткори Исроил паҳподҳои «Мирсод», «Каррор» ва «Аюб» аст, ки метавонанад зимни машғул кардани гунбади оҳанин, ин системи падофндиро ба шакли мустақим ҳадаф қарор диҳанд. Тайи чанд рӯзи ахир интишори тасовири ҳадаф қарор гирифтани сомонаи гунбади оҳанин тавассути мушакҳои «Аламоси» Ҳизбуллоҳи Лубнон яке аз ҷадидтарин шигифтонаҳои муқовимат барои воҳидҳои падофндии режими ҷинояткори саҳюнистӣ будааст. Мушакҳои зидди танк ва зидди кишти низ дигар ваҳшати саҳюнистҳо дар набарди эҳтимолӣ бо саҳюнистҳо ҳастанд, ки метавонанд хотироти ҷанги 33 рӯзаро зинда кунанд.

Дар ҳамин робита радио артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи ҷумъа беш аз 60 мушак ба Фаластини ишғолӣ шиллик кардааст.

Ба гузориши Алҷазира, радио артиши режими саҳюнистӣ афзудааст: оташ дар ҷабҳаи шимолии сарзаминҳои ишғолӣ хомӯш нашуда ва Ҳизбуллоҳ ҳамчунон бо қудрат дар ҳоли посух ба таҳрикоти артиши режими палид ва ҷинояткори Исроил аст.

Пештар манобеи ибрӣ забон аз оташсӯзии густурда дар минтақаи Баръом дар шимоли Фаластини ишғолӣ дар пайи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва талоши чаҳор тими оташнишонӣ барои маҳори оташ хабар доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар чандмоҳи гузашта дар пайи ҷиноёти ҳавлноки режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва наслкушии фаластиниён дар ин минтақа, мавозеи низомии ин режими кӯдаккуро дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор додааст; Мавзӯе, ки сабаби ҳароси саҳюнистҳои шаҳракнишин дар ин манотиқ шудааст.

Токунун даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимати Ҳизбуллоҳ аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шуда ва фирор кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад