Трамп Байденро ҳимоятгари терроризм хонд

Трамп дар моҷарои дастгирии 8 тоҷикистонии муттаҳам ба иртибот бо ДИИШ дар хоки Амрико, Байденро ба ҳимояти модӣ аз терроризм муттаҳам кард.

Трамп дар моҷарои дастгирии 8 тоҷикистонии муттаҳам ба иртибот бо ДИИШ дар хоки Амрико, Байденро ба ҳимояти модӣ аз терроризм муттаҳам кард.

Раисҷумҳури пешини Амрико дар ҷараёни суханронии ахири худ бо ишора ба дастгирии ҳашт тан аз муҳоҷирони муттаҳам ба иртибот бо ДИИШ, Ҷо Байден, раисҷумҳури ин кишварро ба ҳимояти модӣ аз терроризм муттаҳам кард.

Ба гузориши Индипендент, Трамп дар ҷараёни баргузории маросиме, ки шуморе аз ҳомёнаш ба муносибати ҷашни таваллуди 78 солагии вай дар Вест Полм Бич Фелорида гирдиҳам омада буданд, унвон кард: дар канори тамоми ҷурмҳои мустанади дигар, Ҷо Байдени мутаққаллиб акнун дар ҳимояти модӣ аз терроризм ҳам даст дорад.

Вай бори дигар бо интиқод аз сиёсатҳои марзии давлати Байден, унвон кард, ки Амрико барои солҳои бисёр, ҳазинаи сангинеро таҳти таъсири ин сиёсатҳо пардохт хоҳад кард.

Изҳороти Трамп пас аз он сурат гирифт, ки ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо созмони террористии ДИИШ ва тайи як амалиёти вижа тавассути FBI дар Лос-Анҷелес, Нию-Йорк ва Филоделфиё боздошт шуданд.

Мақомоти федерал ва вазорати амнияти дохилии Амрико ҳанӯз ҷузъиёти зиёде дар мавриди боздошти ин ҳашт нафар ироа накардаанд.

Тибқи гуфтаи CNN низ ин гурӯҳ ҳудуди як моҳ таҳти назар будаанд ва бархе аз шавоҳид нишондиҳандаи иртиботи онҳо бо афроди вобаста ба ДИИШ будааст. Масъалае, ки дар ниҳоят сабаби боздошти онҳо шуд.

Бархе аз гумоназаниҳо аз ихроҷи ин ҳашт шаҳрванди тоҷик таҳти таъсири иқдомоти пешгиронаи эҳтиётӣ хабар медиҳад.

Бо ин ҳол мақомоти амрикоӣ ҳанӯз мутаваҷҷеҳи ин мавзуъ нашудаанд, ки ин афрод барои омӯзиш ба хориҷ аз кишвар фиристода шудаанд ва ё инки қасди анҷоми амалиётиро доштаанд.

Доналд Трамп борҳо давлати Байденро ба далели сиёсатҳои марзияш интиқод кардааст ва вайро муттаҳам кардааст, ки таҳти таъсири ин сиёсатҳо заминаро барои вуруди афроди террорист ба хоки кишвари Амрико фароҳам кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад