Зарурати бароати ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ ва Амрико

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон дар паёме ба ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳилҳаром таъкид карданд: Лозим аст тамоми ҳоҷиёни ҷаҳон аз режими саҳюнистӣ ва Амрико бароат ҷӯянд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон дар паёме ба муносибати ҷамъомади азим ва пуршукӯҳи Ҳаҷ, «густараи инсонӣ» ва «қуввати омили маънавии Ислом»-ро ду ҷониби фаризаи Ҳаҷ хонд ва бо ишора ба фаҷиаи Ғазза, ки дар таърихи муосир беназир аст, таъкид карданд: Бароат аз режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба хусӯс Амрико, имсол бояд фаротар аз мавсим ва миқоти Ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин, дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад ва ба тамоми мардум паҳн шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон дар ин паём бо ишора ба абъоди маносики печидаи Ҳаҷ, онро барои мусулмонон қувати қалб ва барои бадхоҳон ҳаросангез ва пурҳайбат донист ва хотир нишон кард: Қуръон зимни баёни роз ва рамзҳои таркиби печидаи Ҳаҷ, онро мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши мусулмонон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад ва ҳаҷгузорон бояд андеша ва амали худро ба ин маорифи пурфурӯғ наздиктар кунанд ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба унвони савғотии арзишманди сафари Ҳаҷ ба хона баргардонанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон бо ишора ба ҷиноёти режими бераҳм ва албата рӯ ба заволи режими саҳюнистӣ дар Ғазза афзӯд: Масаълаи бароат, имсол барҷастатар аз гузашта аст зеро фаҷиаи Ғазза ҷои ҳечгуна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фарду ҳизбу давлату фирқаи мусулмонон боқӣ нагузоштааст ва ин бароат бояд дар қавл ва амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар ҷаллодон ва ҳомиёнашон танг кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари олии инқилоби Эрон дар поёни паёми худ бо таҷлил аз муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабур ва мазлӯми Ғазза, таъктд кард: Бояд аз ин муқовимат пуштибонии ҳама ҷониба шавад.

Матни паёми Раҳбари олии инқилоби Эрон ба ҳуҷҷоҷи  Байтуллоҳилҳаром ба ин шарҳ аст:

Бисмилоҳир-раҳмонир-раҳим
و الحمد للّه ربّ العالمین و الصّلاة  و السّلام علی خیر البریّة سیّدنا محمّدٍ المصطفی و آله الطّیّبین و صحبه المنتجبین و من تبعهم باحسان الی یوم الدّین..
Оҳанги дилнавози иброҳимӣ, ки ба фармони Худо, ҳамаи инсонҳоро дар ҳамаи давронҳо, дар мавсими Ҳаҷ ба Каъба фаро мехонад, имсол низ дилҳои ҷамъе аз мусулмононро аз саросари ҷаҳон, маҷзӯби ин пойгоҳи тавҳид ва ваҳдат кард ва ин анбӯҳи пуршукӯҳ ва мутанаввии мардумиро падид оварда ва густараи инсонӣ ва қуввати омили маънавии Исломро ба рухи хеш ва бегона кашидааст.

Иҷтимои азим ва маносики печидаӣ Ҳаҷ, ҳар гоҳ бо чашми тадаббур дида шавад, барои мусулмон, қувати қалб ва сарчашмаи итминон аст ва барои душман ва бадхоҳ, ҳаросангез ва пурҳайбат.

Ҷои таъаҷҷуб нест агар душманон ва бадхоҳони уммати исломӣ, ин ҳар ду ҷониби фаризаи Ҳаҷро омоҷи тахриб ва тардид созанд, чӣ бо барҷастасозии муғоиратҳои мазҳабӣ ва сиёсӣ ва чӣ бо фурубурдан аз ҷанбаҳои қудсӣ ва маънавӣ.

Қуръони Карим, Ҳаҷро мазҳари убудият ва зикр ва хушуъ, мазҳари каромати инсонҳо, мазҳари сомонёбии зиндагии моддӣ ва маънавии башар, мазҳари баракату ҳидоят, мазҳари оромиши ахлоқӣ ва созиши амалӣ миёни бародарон ва мазҳари безорӣ ва ҷабҳагирии муқтадирона дар баробари душманон муаррифӣ мекунад.

Тадаббур дар оёти марбут ба Ҳаҷ ва таъаммул дар аъмол ва маносики ин фаризаи бемисол, инҳо ва розу рамзҳое аз қабили инҳоро дар таркиби печидаи Ҳаҷ ба мо нишон медиҳад.

Шумо бародар ва хоҳари ҳаҷгузор, акнун дар арсаи тамрини ин ҳақоиқ ва маорифи пурфурӯғ қарор доред. Андеша ва амали худро ба он наздик ва наздиктар кунед ва ҳувияти бозёфта ва омехта бо ин мафоҳими мутаолиро ба хона баргардонед. Ин ҳамон савғотии арзишманд ва ҳақиқии сафари ҳаҷҷи шумо аст.

Имсол масъалаи бароат барҷастатар аз гузашта аст. Фаҷоии Ғазза, ки дар таърихи муосири мо беназир аст ва густохии режими бераҳм ва мазҳари қасоват ва шақоват ва албата рӯ ба заволи саҳюнист, ҷои ҳеҷ гӯна мулоҳиза ва мумошот барои ҳар фард ва ҳизб ва давлат ва фирқаӣ мусулмон боқӣ нагузоштааст. Бароати имсол бояд фаротар аз мавсим ва миқоти Ҳаҷ, дар кишварҳо ва шаҳрҳои мусулмоннишин дар ҳамаи ҷои ҷаҳон идома ёбад ва фаротар аз ҳаҷгузорон, ба тамоми мардум пахш шавад.

Ин бароат аз режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш ба хусӯс давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар қавл ва амали миллатҳо ва давлатҳо худро нишон диҳад ва арсаро бар золимон танг кунад.

Муқовимати пӯлодини Фаластин ва мардуми сабур ва мазлӯми Ғазза, ки шикваи сабур муқовиматашон, ҷаҳонро ба таҳсин ва такрим водоштааст, бояд аз ҳама ҷиҳат пуштибонӣ шаванд.

Аз Худованд барои онон пирӯзии комил ва оҷил хосторам ва барои шумо ҳуҷҷоҷи муҳтарам, Ҳаҷҷи мақбул масъалат мекунам.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Сайидалии Хоманаӣ
4 Зулҳиҷҷа 1445

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад