Мухолифати Тоҷикистон бо ҳузури Афғонистон дар СҲШ

Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон гуфт: Русия ва аксари кишварҳо азсргирии коргурӯҳи тамоси Созмони Ҳамкории Шангхай ва Афғонистон ҳимоят карданд, аммо Тоҷикистон токунун бо ин мавзуъ мухолиф будааст.

Намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон гуфт: Русия ва аксари кишварҳо азсргирии коргурӯҳи тамоси Созмони Ҳамкории Шангхай ва Афғонистон ҳимоят карданд, аммо Тоҷикистон токунун бо ин мавзуъ мухолиф будааст.

Замир Коблув, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон гуфт, ки Тоҷикистон бо ҳузури Афғонистон дар Созмони Ҳамкории Шангхай мухолиф аст.

Ба нақл аз РИА Новостии Русия, Кобулов ибрози умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон ба зудӣ дар мавзеи худ таҷдиди назар кунад.

Вай афзуд: Русия ва аксари ширкаткунандагон аз азсргирии коргуруҳи тамоси Созмони Ҳамкории Шангхай ва Афғонистон ҳимоят карданд. Шарикони тоҷики мо ҳанӯз мулоҳизаҳои хоссе доранд, аммо умедворем, ки ба зудӣ дар мавзеи худ таҷдиди назар кунанд.

Ба думболи қудрат гирифтани Толибон дар Афғонистон, бештарин мухолифи ин гурӯҳ озими Тоҷикистон шуда ва аз сӯи дигар Душанбе борҳо бо фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон мӯътариз будааст.

Аммо ин дар ҳолест, ки Толибон гуфтааст, ки бо тамоми ҳамсояҳои худ робитаи хуб дошта ва иҷозаи фаъолият алайҳи кишвареро аз хоки Афғонистон нахоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад