Таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Русия

Вазорати молияи Амрико алайҳи Русия таҳримҳои ҷадид вазъ кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати молияи Амрико рӯзи гузашта аз иҷрои таҳримҳои ҷадид алайҳи Русия, ки шомили беш аз 300 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ дар Русия, Осиё, Ховари Миёна, Аврупо ва Африқо мешавад, хабар дод.

Ҷанет Йеллен, вазири молияи ИМА дар баёнияе гуфт: “Иқдомҳои имрӯз ба роҳҳои боқимондаи онҳо [Русия] барои таъмини маводу таҷҳизоти байналмилалӣ аз ҷумла иттикои онҳо ба даромади ҳосил аз манобеи табиӣ зарба мезанад.

Мария Захарова, сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба иҷрои таҳримҳои ҷадиди зидди Русия аз сӯи Вашингтон гуфт, ки Русия монанди ҳамеша дар чунин мавориде, ин иқдомоти таҳоҷумиро бепосух нахоҳад гузошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад