Имзои тафоҳумномаи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Белорус

Байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист санади нави ҳамкорӣ - Ёддошти тафоҳум ба имзо расидаст, ки ба таҳкими ҳамкориҳо равона шудаст.

Байни Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳифзи муҳити зист санади нави ҳамкорӣ – Ёддошти тафоҳум ба имзо расидаст, ки ба таҳкими ҳамкориҳо равона шудаст.

Ба гузориши манбаъ:

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон бо Вазорати захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Белорус Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор ба имзо расонид.

Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ёдддошти тафоҳум дар доираи Конфронси 3-юми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028″ зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Сергей Масляк ба имзо расонида шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар бораи ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисодиёти “сабз”, идоракунии партовҳо, коҳиш додани истифодаи ашёи пластикӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар мулоқот дар бораи таҷрибаи худ дар самти ҳифзи намудҳои ҳайвонот ва растаниҳои нодир мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки табодули коло миёни Тоҷикистон Белорус танҳо дар семоҳаи якуми соли чорӣ 6 баробар афзоиш ёфтааст.

Табодули коло дар ин давра зиёда аз 120 миллион рубли белоруси (37,6 млн. доллар) ташкил додааст. Дар қиёс дар тӯли соли 2023 табодули коло миёни ду кишвар 70 миллион рубли белорусӣ (наздик ба 22 млн. доллар)-ро ташкил дода буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъмини ғизо ва ҳамчунин омода кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатиро баррасӣ карданд.

Дар Душанбе нишасти доираҳои бозаргонии Тоҷикистону Беларус баргузор шуд, ки ба масоили тиҷоративу иқтисодӣ бахшида шуд, хабар дод, агентии Ховар.

Ба ин тартиб, ба навиштаи нашрия, ҷонибҳо ба маблағи беш аз 16 млн доллар қарордод имзо кардаанд.

Комиссияҳои ҳар ду мамлакат масъалаҳои ҳамкориро дар як қатор соҳаҳо: саноат, тайёр кардани кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, хоҷагии қишлоқ, таъминоти озуқаворӣ муҳокима карданд.

Гуфта мешавад, ки ҷаласа таҳти раёсати вазирони кишоварзии Тоҷикистону Беларус Қурбон Ҳакимзода ва Сергей Бартош баргузор шуд.

Вазири тоҷик зимни ифтитоҳи ҷаласа аз афзоиши шоистаи ҳаҷми муомилоти мутақобила миёни Душанбе ва Минск хабар дод.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, дар соли 2022 гардиши мол ҳудуди 90 млн долларро ташкил додааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад