Ню-Йорк Таймз: Амрико дигар раҳбари ҷаҳон нест!

Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймз, бо ишора ба ин ки ҷанги режими Исроил дар Ғазза гиребони амрикоро гирифтааст, эътироф кард, ки Иёлоти Муттаҳида дигар раҳбари ҷаҳон нест!

Ню-Йорк Таймз, дар мақолае ба қалами “Стивен Вертхайм” таҳлилгари сиёсати хориҷии Амрико навишт: Амрико дар ҳоли ҳозир ҷаҳонро раҳбарӣ намекунад чаро, ки дар ҳоли рӯёрӯӣ бо рақиби ҳастаии хашмгинаш, Русия, аст ва наметавон рафторҳои Масквро пешбинӣ кард. Илова бар он, Чин, Эрон ва Кураи Шимолӣ ба ҳам наздик шудаанд ва ҷанги Исроил дар Ғазза гиребони Амрикоро гирифта ва Байден пазируфтааст, ки ба ҷои мудирияти ҷанг, тобеъи Телавив бошад!

Ба навиштаи нависанда, қарор буд Байден 4 соли баъд аз риёсатҷумҳурии Трамп, Амрикоро ба мавқеияти қаблии худ яъне, раҳбарии байналмилалӣ бозгардонад!

Стивен Вертхайм, нависандаи мақола ҳамчунин бо ишора ба дастовардҳои давлати Байден  дар амал ба ваъдаҳо аз қабили басиҷи неруҳои НАТО зидди Русия дар ҷанги Украина, талош барои маҳори иқтисоди Чин, ҳимоят аз Телавив дар набардҳои минтақаӣ, тасреҳ мекунад, ки раҳбарии ҷаҳонӣ ба чизе фаротар аз ҳимоят аз дӯстон ва шикаст додани душманон ниёз дорад.

Стивен Вертхайм тавзеҳ медиҳад: бахше аз мушкил дар тамоюли раисҷумҳури Амрико ба зиёдаравӣ дар ҳамдардӣ бо шуракои амрикоӣ аст. Ӯ таслими мавозеъи Украина шуд ва кумакҳои таслиҳотӣ ба Исроилро тасреъ кард, дар ҳоле ки аланан тарҳҳои ҷангии исроилиҳоро зери савол мебарад ва итминон ба онҳо надошт!

Байден ҳамчунин чандин бор ваъда дод, ки аз Тайван дифоъ кунад мавзӯе, ки фаротар аз тааҳҳуди расмии Иёлоти Муттаҳида барои ирсоли таслиҳот ба Тайван буд.

Ин таҳлилгари амрикоӣ дар поён бо ишора ба ин ки Амрико барои ҳузури муҷаддад дар ҷойгоҳи мудирияти байналмилалӣ бояд ба кишварҳои шаккок нишон диҳад, ки мехоҳад сулҳ барқарор кунад, хотирнишон мекунад: албатта ҳеҷ як аз ин корҳо осон нахоҳад буд. Раҳбарии танҳо як бахш дар ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳидаро ба як думболарави асабӣ табдил мекунад. Ин амр барои ҳамеша амрикоиҳоро дар шароити ҷанг дар Ховари Миёна, Аврупо ва Осиё Қарор медиҳад. Раҳбарони воқеӣ медонанд чӣ замоне бояд барои дигарон ҷо боз кунанд!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад