Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар кишвар

Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад.

Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад.

Ба гузориши манбаъ:

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.

Иди Қурбон соли 2024 ба 16 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.

Дар ин бора ба Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.

Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шавад.

Дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои ин ниҳод ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба сулҳу оромӣ ва дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа суханронӣ намоянд.

Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи истироҳат рост омад. Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.

Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар қарори нави худ, “Идгардак”-ро манъ карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон тағйирот ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард ва “Идгардак”-ро расман манъ карда шуд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин дар ҷаласаи парлумонӣ гуфтааст “… дар моддаи 9-и лоиҳа меъёрҳои марбут ба ҷашнҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд”.

Мансабдор гуфтааст, ки “дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад”.

Кӯдакон дар рӯзи Иди моҳи шарифи Рамазон ва Иди Қурбон “идгардак” мекунанд, аммо дар чанд соли охир дар хусуси ин “идгардак” кардани кӯдакон, баҳсҳои зиёде дар қаламрави кишвар сурат мегирад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад