Марҳилаи дувуми машқҳои ҳастаии Русияву Беларус оғоз шуд

Вазорати дифои Русия аз оғози марҳалаи дувуми машқҳои таслиҳоти ҳастаии ғайристратегии Русия ва Беларус хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, вазорати дифои Русия эълом кард, ки марҳалаи дувуми машқҳои ҳастаии  ғайристратегии Русия ва Беларус оғоз шудааст.

Ҳадафи ин машқҳо ҳифозат аз ҳокимият ва тамомияти арзии ду кишвар аст; Дар марҳалаи аввали машқҳо неруҳо истифода аз мушакҳои Искандар ва таҷҳизи мушакҳои мофавқи савти Кинжал ба кулоҳакҳои тахассусиро омӯзиш диданд.

Вазорати дифои Русия имрӯз сешанбе эълом кард марҳалаи дувуми машқҳо бо тамаркуз бар истифода аз силоҳҳои ҳастаии ғайристратегӣ тавассути неруҳои Русия ва Беларус оғоз шудааст.

Дар баёнияи вазорати дифои Русия омадааст, ки «бар асоси тасмими раисҷумҳури Русия (Владимир Путин), марҳалаи дувуми машқҳои неруҳои ҳастаӣ ғайристратегӣ оғоз шуд». Дар ин машқҳо, омӯзиши муштараки воҳидҳое аз неруҳои мусаллаҳи Русия ва Беларус анҷом хоҳад шуд.

Вазорати дифои Русия афзуд: марҳалаи дувуми машқҳои ғайристратегии неруҳои ҳастаӣ бо ҳадафи ҳифзи омодагӣ барои истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ барои тазмини ҳокимияти кишвари итҳодияи Русия ва Беларус аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад