Ихроҷи фаврии муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷику узбек аз Амрико

Хадамоти марзбонии иёлати Калифорнияи Амрико вазифадор хоҳад шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва як қатор кишварҳои дигар баъди боздошт фавран ихроҷ кунад.

Хадамоти марзбонии иёлати Калифорнияи Амрико вазифадор хоҳад шуд, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва як қатор кишварҳои дигар баъди боздошт фавран ихроҷ кунад.

ба гузориши манбаъ:

Торнамои The New York Post рӯзи 10-уми июн бо такя ба санаде, ки марзбонони амрикоӣ ба рӯзноманигорон нишон додаанд, навишт, “танҳо муҳоҷирони калонсол аз Гурҷистон, Молдава, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон барои ихроҷ аз Амрико фавран фиристода мешаванд.”

Ба муҳоҷирони кишварҳои дигар иҷозат дода мешавад, ки то содир шудани қарори додгоҳ дар ҳудуди Иёлоти Муттаҳида бимонанд.

Марзбонони амрикоӣ ба рӯзноманигорон гуфтаанд, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қоидаҳои нав ҳарос надоранд ва теъдоди онҳо ҳанӯз ҳам “бисёр зиёд аст”.

Ба гуфтаи марзбононе, ки бо The New York Post суҳбат кардаанд, фармони нав “хеле дер” содир шуд.

Расонаҳо ахиран хабар доданд, ки президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 5-уми июн додани паноҳгоҳро ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ манъ кардааст.

Мақомоти Мексика тобистони соли 2023 гуфта буданд, ки теъдоди муҳоҷирону паноҳҷӯёни тоҷик ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки тавассути ин кишвар ба Амрико мераванд, сол ба сол зиёд мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Фаъолони ҳуқуқи башар тасмими Фаронса ва Олмонро дар бораи ихроҷи чанд паноҳҷӯ ба Узбекистон ва Тоҷикистон танқид карданд. Аз қаламрави Иттиҳоди Аврупо рондани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар солҳои охир афзудааст. Чаро?

Моҳи апрели соли 2020. Дар шаҳри Монтерои Фаронса як хона оташ гирифт. Чанд нафар ба ошёнаи сеюми бино баромада, пирамардеро наҷот доданд. Яке аз онҳо Мӯҳсинҷон Аҳмадов, шаҳрванди Узбекистон, буд.

Фаронса рӯзи 14-уми ноябри 2023 ӯро ба Узбекистон ронд. Ҷое, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ дастгир шудааст ва эҳтимол бист сол зиндонӣ шавад. Худаш парвандаро сохта медонад. Идомаи матлаб дар …  

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад