51 қурбони ва ҳудуди сад миллион доллар зиёни офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ дар соли 2023 дар Тоҷикистон 51 нафар ҷон бохта, иқтисоди кишвар тақрибан сад миллион доллар зиён дидааст.

Дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ дар соли 2023 дар Тоҷикистон 51 нафар ҷон бохта, иқтисоди кишвар тақрибан сад миллион доллар зиён дидааст.

Ин оморро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи даҳуми июн дар Шӯрои миллии рушд баён кард.

Ӯ гуфт, “соли гузашта, дар маҷмуъ, зиёда аз панҷсаду панҷоҳ офати табиӣ, аз ҷумла селу ярчу тармафароӣ сабт шуд”.

Президенти Тоҷикистон дар идома аз сели вайронгари баҳори имсол низ ёд овард ва аз камобиву хушксолӣ ҳушдор дод.

Вай афзуд:

“Тирамоҳу зимистони гузашта хеле камбориш омад. Ин ҳолат боис ба коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид. Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст”.

Чанд сол боз кишоварзон дар Тоҷикистон аз камобӣ ва хушк шудани заминҳо шикоят доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол пеш “Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030” қабул кард.

Дар он хокбоду тӯфонҳои чангу ғубор, афзоиши ҳашарот, хушксолӣ, ярч ва боронҳои шадид аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар ояндаи наздики кишвар тасвир шуда буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тайи ду рӯзи охир қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро селу обхезӣ фаро гирифта, дар баробари хисорот ба хоҷагиҳо мутаассифона талафоти ҷонӣ низ дар пай доштаст.

Ба гузориши манбаъ:  манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва иншооти ёрирасон бар асари обхезию селҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон осеб дида, дар вилояти Суғд ҳолати марги сокини маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи ин гузориш, селхезиҳо дар минтақаҳои куҳии Суғд, навоҳии Хатлон, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва Душанбею атрофи он ба қайд гирифта шудаст.

Шоми 5 май асари боришоти шадид ҷавонзани 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми чарондани чорво зери сел монда ба ҳалокат расидааст. Ҷасади зан ёфт шуда, ба мақомот супорида шудааст.

Субҳи барқвати 5 май дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ бар асари селоб ду сокини маҳаллӣ занони 40 ва 67-сола ба ҳалокат расидаанд. Барои шиносоӣ бо вазъият, сардори Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулоддаи Тоҷикистон, Рустам Назарзода аз ҷои ҳодиса боздид кардааст. идомаи матлаб дар … 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад