Роҳёбии 6 номзад ба интихоботи президентӣ дар ҶИЭ

Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломии Эрон рӯзи 9 июни соли 2024 танҳо 6 номзадро барои иштирок дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 28 июн иҷозат дод.

Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломии Эрон рӯзи 9 июни соли 2024 танҳо 6 номзадро барои иштирок дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 28 июн иҷозат дод.

Шӯрои нигаҳбони инқилоби исломии Эрон рӯзи 9 июни соли 2024 танҳо 6 номзадро барои иштирок дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии рӯзи 28 июн иҷозат дод.  Ин интихобот ба далели рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар натиҷаи шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ бар асари суқути чархболаш эълон шудааст.

Шӯрои нигаҳбон, як ниҳоди муҳиму асосӣ дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, рӯзи 9 июн номзадии даҳҳо довталаби дигар, аз ҷумла сиёсатмадорони дар Эрон пуртарафдоре, чун раисиҷумҳури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси собиқи парлумон Алии Лориҷониро рад кард ва пеши роҳи иштироки онҳоро дар корзори интихоботӣ ва овоздиҳии рӯзи 28 июн баст.

Дар умум, барои иштирок дар интихоботи президентии Эрон ҳудуди 80 нафар, аз ҷумла чанд зан, худро ҳамчун довталаб пешбарӣ карда буданд, вале ба ҷуз аз 6 номзади тасдиқшуда беш аз 70 тани боқимонда марҳалаи тасдиқ аз ҷониби Шӯрои нигаҳбонро гузашта натавонистанд.

Шӯрои нигаҳбон ба ин 6 номзад, ки танҳо якеаш ислоҳталаб, 4 тани дигар усулгаро ва якеи охир аз ҷиноҳи рӯҳониёни мубориз аст, иҷозати иштирок дар интихоботи президентиро дод:

  1. Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси 62-солаи Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон ва шаҳрдори собиқи Теҳрон;
  2. Масъуди Пизишкиён, вакили парлумон аз ҷиноҳи ислоҳталабон;
  3. Саиди Ҷалилӣ, раҳбари собиқи ҳайъати Эрон дар музокироти барномаи ҳастаияш бо Ғарб ва намояндаи кунунии раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ;
  4. Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори кунунии Теҳрон;
  5. Амирҳусейн Қозизодаи Ҳошимӣ, вакили парлумон ва раиси Бунёди шаҳид дар давлати Раисӣ;
  6. Мустафо Пурмуҳаммадӣ, собиқ вазири кишвар (корҳои дохилӣ) ва раҳбари собиқи қувваи қазоӣ.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси кунунии парлумон ва шаҳрдори собиқи Теҳрон, ки бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ иртиботи зич дорад, аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун як ғолиби эҳтимолии интихоботи дарпешистода рақам зада мешавад. Шонси пирӯзии ӯро фаъолиятҳои чандсолаи ахираш дар Маҷлиси шӯрои исломии ҶИЭ болотар мебарад.

Қолибоф дар корзорҳои интихоботии солҳои 2005 ва 2013 низ талош карда буд, номзадиашро ба президентӣ пешбарӣ кунад, вале аз сӯи Шӯрои нигаҳбон рад шуд. Соли 2017 Ӯ номзадиашро ба хотири ҳимоят аз номзадии Иброҳим Раисӣ худаш пас гирифт. Ин ба Раисӣ он дафъа кумак накард, зеро ӯ интихоботро ба раисиҷумҳури вақти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бохт. Вале соли 2021 Раисӣ тавонист билохира дар интихобот ғолиб биояд ва раисиҷумҳур шавад.

Раисӣ, вазири хориҷаи Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён ва чанд мақоми дигари расмӣ рӯзи 19 майи соли 2024 дар натиҷаи суқути чархболашон дар як кӯҳистон дар наздикии марз бо Озарбойҷон вақте суқут кард, ки онҳо аз маросими ифтитоҳи сарбанди “”Қиз-Қалъасӣ” дар рӯди марзии Аракс ба Табрез бармегаштанд. Дар он маросим президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ ширкат дошт.

Бар асоси натиҷаҳои тафтишоти муқаддамотӣ ва ташхисҳои анҷомшуда, иллати суқути чархболи президенти Эрон омилҳои фаннӣ, пеш аз ҳама, обу ҳавои номусоид, аз ҷумла тумани ғафсе буда, ки он рӯз маҳалли садамаро печонида буд. Ба ин тартиб, мақомоти эронӣ фарзияҳои садодода дар мавриди ҳамла аз берун ҳамчун сабаби эҳтимолии суқути чархболро истисно карданд.

Рӯзи 7 июн ҳукумати Эрон қоидаҳо инъикоси корзори кӯтоҳи интихоботӣ дар матбуотро эълон кард, ки тибқи он, нашри ҳар гуна матлабе, ки ба таҳрими интихобот даъват карда ва мардумро аз иштирок дар овоздиҳӣ бозмедорад, манъ карда мешавад. Бар асоси ин дастур, дар рӯзҳои корзори интихоботӣ барои ташкили эътирозҳои бидуни иҷозат ё корпартоӣ низ ҷавобгарӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ҷиноҳи ислоҳталабон рӯзи 8 июн гуфт, ки танҳо дар сурати ба интихобот роҳ  ёфтани ягон номзади ин ҷиноҳ дар интихобот иштирок мекунад. “Мо низ бояд номзадамонро дошта бошем”, –  изҳор дошт раҳбари Ҷабҳаи ислоҳот Оҳар Мансурӣ.

Эрон бо ҳудуди 90 миллион аҳолиаш яке аз кишварҳои бузурги мусулмон ва бузургтарин кишвари форсизабон ба шумор меравад. Соли 1979 шоҳи Эрон Ризо Паҳлавӣ сарнагун карда шуд ва қудратро дар ин кишвар рӯҳониёни муборизи мусалмон ба дасти худ гирифта, ба ҷои низоми шоҳии худфурӯхта ва муздур, Ҷумҳурии Исломӣ таъсис доданд ва ин азамату иқтидори имрӯзаи ҷаҳон ҳам бар пояи ҳаракатҳо ва иқдомоти Имом Хумайнӣ, раҳбари фақиди инқилоби исломии Эрон аст.

Дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон интихоботи алтернативӣ иҷозат дода мешавад, вале номзадҳо танҳо баъди дарёфти ризоият ва иҷозати Шӯрои нигаҳбон ба интихобот роҳ дода мешаванд.  Ин Шӯро нафарони пурнуфуз аз миёни рӯҳониён ва олимону фақеҳонро дар бар мегирад.

Ҷумҳуриии исломии Эрон дар тӯли солиёни зиёд барои муқовимату истодагӣ дар муқобили муддаиёни дурӯғини ҳуқуқи башар ва золимону ситамгарон, таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор дорад, вале бо вуҷуди ин ҳама сол таҳрим ва фишорҳои ғарб, ҳоло қудрати аввали минтақа ҳисоб мешавад ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам аз ин кишвар, як кишвари боазамат ва тавоно ёд мешавад. ҶИЭ яке аз кишварҳое аст, ки дар муқобили зулму ҷиноятҳои саҳюнистӣ-амрикоӣ истодагӣ карда, ин ҷиноятҳоро маҳкум кардааст, дар ҳоле ки кишварҳои дигари мусулмон ва давлатҳои шайхнишин ҷуръати маҳкум кардани ҷиноятҳои зидди башарии саҳюнистҳоро надоштаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад