Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар Душанбе

Конфронси сеюми байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Душанбе ба кор оғоз кард.

Конфронси сеюми байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Душанбе ба кор оғоз кард.

Форуми бахши хусусӣ дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз 10 то 13 июн дар Душанбе баргузор мегардад, ба кор оғоз намуд.

Дар кори он  зиёда аз 100  коршиносу мутахассис соҳаи обу иқлим ва доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок  менамоянд.

Форуми бахши хусусии Конфронси Душанбе барои таҳкими эҷоди имконият ва бозорҳои тиҷоратӣ тарҳрезӣ шудааст, ки мустақиман ба пешрафт ба сӯи Ҳадафи шашуми рушди устувор – об ва беҳдошт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни форум раҳбарони ҳукуматҳо  ва доираҳои тиҷоратӣ лоиҳаҳои эҳтимолии бахши хусусӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусиро, ки метавонанд дар минтақаи Осиёи Марказӣ зуҳур намуда, муваффақ шаванд, баррасӣ менамоянд.

Инчунин дар форум таваҷҷуҳ ба қарордодҳо ва созишномаҳои мушаххасе  дода мешавад, ки ҷараёни муомилот ва сармоягузории хусусиро суръат бахшида, сатҳи зарурии мониторинг, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ барои таъмини мувозинати мувофиқ байни рушди иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳити зистро таъмин менамоянд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад