Истеъфоҳои навбатӣ ва фурӯпошии саҳюнистҳо аз дарун

Танҳо ду рӯз пас аз ҷинояти Исроил дар Ан-Нансирот, истеъфои ду узви кобинаи ҷанг ва як узви кобина аслӣ, режими саҳюнистиро дар мавқеияти сахт қарор додааст.

Танҳо ду рӯз пас аз ҷинояти Исроил дар Ан-Нансирот, истеъфои ду узви кобинаи ҷанг ва як узви кобина аслӣ, режими саҳюнистиро дар мавқеияти сахт қарор додааст.

Бо вуҷуди иддаоҳои Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар бораи пирӯзии саҳюнистҳо, тору пӯди режими саҳюнистӣ, сусттар аз тори анкабут шуда ва дар ҳоли нобудӣ аст. Истеъфо пас аз истеъфо ва он ҳам танҳо дар фосилаи чанд соат, ларза бар андоми Исроил андохтааст.

Пас аз ҷинояти таърихии саҳюнистҳо дар Ан-Нансирот, генерали бознишастаи режими саҳюнистӣ ва узви гӯё миёнарави кобинаи ҷанги режим яъне Бени Гонетс истеъфо дод ва пас аз ӯ Годи Оизенкут, вазир дигари кобинаи ҷанг, бо такрори ҳамон интиқодҳое, ки Гонетс алайҳи Нетаняҳу бар забон оварда буд, канора гирифт ва ба хона рафт. Сипас навбат ба Ҳили Тарупер расид ва ӯ низ ба унвони яке аз чеҳраҳои наздик ба Гонетс, канорагирӣ аз кобинаи иътилофи Нетаняҳуро ба таври расмӣ эълон кард.

Гонетс эълон карда буд, ки Нетаняҳу барои таъйини стратегияи зомини муваффақият дар Ғазза нотавон ва оҷиз аст ва ҳар чӣ зудтар бояд интихобот баргузор шавад. Дар муқобил, Нетаняҳу низ бо паёми риёкорона «Бени нарав! Ҳоло вақти рафтан нест», талош кард ӯро мунсариф кунад. Аммо ихтилофҳои дохилӣ, хеле амиқтар аз он аст, ки битавон бо ирсоли чанд паёми эҳсосӣ, ин хаймаро сари по нигаҳ дошт.

Бо рафтани Бени Гонетс, раҳбари ҳизби миёнарави иттиҳоди миллии Исроил, шароитро тағйир дода ва ҳоло интизор меравад, ки аъзои рости ифротии иътилофи Нетаняҳу барои ҷуброни ин вазъият, тасмими худро барои хушунат афзоиш диҳад. Аммо рӯйдодҳои чанд моҳи ахир нишон додааст, ки бархилофи тасаввури ғалати Нетаняҳу ва ҳамроҳони ӯ, сабти болотарин мизони хушунат алайҳи фаластиниҳои мазлум, ҳеҷ навъ пирӯзӣ ва зафаре ба думбол намеоварад ва шароит ба самте рафтааст, ки ҳатто кишварҳои аврупоӣ низ, аз расмияти давлати Фаластин ҳарф мезананд ва ҳозир нестанд ҳамчун гузашта аз режими саҳюнистӣ ҳимоят кунанд.

Истеъфои Годи оизенкут низ аз нигоҳи аҳамияти стратегӣ, равшангари абъоди ҷадиде аз мушкилоти сохтории режими саҳюнистӣ аст. Ӯ дар номаи истеъфои худ таъкид кардааст, ки Нетаняҳу барои амалӣ кардани аҳдофи ҷангӣ, нотавон буда ва натавонистааст тасмимҳои муассир бигирад. Оизенкурт мӯътақид аст, ки нотавонии Нетаняҳу дар гирифтани тасмимҳои қотеона, амнияти миллии режими саҳюнистиро ба хатар андохтааст. Ба иборате равшан, ҳатто худи аъзои кобинаи режими саҳюнистӣ ҳам ба ин воқеият эътироф мекунанд, ки бақо ва идомаи ҳаёти шармовари режими саҳюнистӣ ба хатар афтода ва селоби хуни мазлумон, натанҳо барои саҳюнисм иқтидор наоварда, балки ба шиддат ба бақои он осеб задааст. Ҳамчунин Ҳили Тарупер аз аъзои кобинаи режими саҳюнистӣ, ошкоро ба Нетаняҳу ҳамла карда ва эълон карда, ки ӯ оҷизтар аз он аст, ки битавонад дар бораи поёни ҷанг ва озодии исроилиҳо тасмим бигирад. Ба ҳамин хотир лозим аст ҳар чӣ зудтар интихобот нав баргузор шавад.

Бозтоби густардаи истеъфоҳо дар расонаҳои ҷаҳон

Истеъфои Бени Гонетс ва ду чеҳраи дигар, бозтоби густардае дар расонаҳои минтақа ва ҷаҳон доштааст. Дар гузориши сервиси байналмилалии CNN ба ин ишора шудааст, ки тим Ҷо Байден, борҳо аз Нетаняҳу хоста то тарҳе барои поён додан ба ҷанг ироа диҳад. Аммо Нетаняҳу ба хостаҳои Вашингтон беэътиноӣ карда ва ба ҳамин хотир, Байден ба ин ҷамъбандӣ расидааст, ки бигӯяд: «Нетаняҳу эҳтимолан аз тӯлонӣ шудани даргирӣ суд мебарад».

Бар асоси таҳлили CNN генерали бознишастаи 64 сола ва вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ, амалан хоҳони иҷрои тарҳе барои аз байн бурдани Ҳамос ва барқарории иқтидори як давлати ҷойгузин дар минтақаи таҳти муҳосира ва бозгашти оворагон аст. Аммо Нетаняҳу ҳозир нест ба чизе ҷуз ҷанг бияндешад. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси назарсанҷии нашршуда дар рӯзномаи исроилии Маорию, ҳимоят аз Гонетс 42 дарсад ва мизони ҳимоят аз Нетаняҳу танҳо бо 34 дарсад аст.

Ба бовари Даниел Астарин, хабарнигори гурӯҳи расонаии NPT, шароит барои Нетаняҳу душвор шудааст. Ӯ дар бораи далелҳои истеъфои Гонетс гуфтааст: «ба бовари Гонетс, Нетаняҳу монеъ аз расидани мо ба пирӯзии воқеӣ мешавад ва бо дар назар доштани ин масъала, ки чанд моҳ аз ҷанг сипарӣ шуда, натавонистааст натиҷае ба даст оварад. Гонетс ба шакли ҷиддӣ ба Нетаняҳу ҳамла карда ва аз ин, ки ҷони асирони исроилӣ ба бақои сиёсии Нетаняҳу гиреҳ хӯрдаааст, изҳори таассуф кардааст.

Ноумидӣ ва рақобат

Истеъфои Гонетс ба як бора зери пои Нетаняҳуро холӣ карда ва ҳоло мавҷи яъс, ноумедӣ ва эҳсоси шикаст назди саҳюнистҳо, фарогиртар шуда ва ҳамаи онон медонанд, ки ҳеҷ кадом аз ҷараёнҳои сиёсӣ, барои поён додан ба ҷанги Ғазза, стратегияи равшане надоранд ва дар айни ҳол, намехоҳанд шикасти худро бипазиранд. Аммо зоҳиран утоқи фикри генералҳои ҳомии Гонетс, нақшаи дигаре дорад. Онон бо истифода аз иттилооти истихроҷшуда аз чанд назарсанҷӣ, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳанӯз ҳам метавон рӯи Гонетс шартбандӣ кард. Ба бовари нозирони сиёсии огоҳ ба шароити сиёсии режими саҳюнистӣ, Гонетс ҳоло як барги баранда дар ихтиёр дорад ва метавонад дар интихоботи тирамоҳ, ба роҳатӣ Нетаняҳуро шикаст диҳад.

Дар поён бояд ба ин мавзуъ ишора кард, ки бо рафтани Гонетс, шароит барои Ҷо Байден низ душвортар шуд. Чароки Гонетс, муҳимтарин ҳомии тарҳи Ҷо Байден барои тавофуқ байни Исроил ва фаластиниҳо буд ва Антони Блинкин дар чанд сафари ахири худ ба минтақа, ҳамвора рӯи ин мавзӯъ нигоҳ ва тамаркузи вижа доштааст, ки бо ҳамроҳии Гонетс роҳе барои поёни ҷанг пайдо шавад ва интихоботи Амрико низ ба нафъи Ҷо Байден ва демократҳо хотима ёбад. Яке дигар аз мавориди тавофуқ байни амрикоиҳо ва Гонетс, ин буд, ки мавзуи идовмаи оддисозии равобити Исроил ва Арабистони Саудӣ, бо ҳимояти Гонетс пеш мерафт, аммо ҳоло ин парванда низ амалан аз рӯи миз канор рафта ва ҷараёни рости ифротии режими саҳюнистӣ, ба хотири пофишорӣ бар ҷанг ва хушунат, дасту пойи Байден ва тим ӯро ҳам бастааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад