Гонетс аз кобинаи ҷангии Исроил истеъфо дод

Бени Гонетс, узви кобинаи ҷангии режими саҳюнистӣ якшанбе шаб дар як нишасти хабарӣ зимни эълони истеъфои худ, таъкид кард Нетаняҳуро монеи пирӯзӣ дар ин ҷанг медонад.

Бени Гонетс, узви кобинаи ҷангии режими саҳюнистӣ якшанбе шаб дар як нишасти хабарӣ зимни эълони истеъфои худ, таъкид кард Нетаняҳуро монеи пирӯзӣ дар ин ҷанг медонад.

Бени Гонетс, узви кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ расман истеъфои худро аз ин кобина эълон кард ва хоҳони баргузории интихоботи зудҳангом шуд.

Ӯ эълон кард: «мо аз ин кобина хориҷ мешавем, зеро Нетаняҳу монеи пешрафти мо ба сӯи дастёбӣ ба пирӯзии воқеӣ мешавад.»

Вай афзуд: «ман аз Нетаняҳу мехоҳам, ки ҳар чӣ зудтар интихобот баргузор кунад ва як кумитаи таҳқиқоти миллӣ ташкил диҳад.»

Бени Гонетс тасмими хуруҷ аз кобинаро печида ва дарднок тавсиф кард ва хостори баргузории интихобот шуд.

Манобеи ибризабон гузориш доданд, ки ин истеъфо дар пайи ихтилофҳои шадид миёни аъзои кобина ва коршиканиҳои Нетаняҳу дар тарҳҳои оташбас рӯй додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад