Арабистони Саудӣ муттаҳиди хориҷ аз НАТО мешавад

Як рӯзномаи амрикоӣ навишт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Арабистони Саудӣ ба бастани созишномаи амниятие наздик мешаванд, ки Риёзро ба муттаҳиди стратегии Вашингтон берун аз НАТО табдил медиҳад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзномаи “Wall Street Journal” дар гузориши ахири худ дар бораи раванди ба эътидол овардани равобити Арабистони Саудӣ ва режими Исроил субҳи имрӯз душанбе навишт, ки Риёз ва Вашингтон ба имзои паймони дифоӣ наздик мешаванд ва Амрико бар асоси ин паймон, Арабистони Саудиро муттаҳиди аслии хориҷ аз НАТО барои худ мешуморад.

Арабистон талош дорад ин паймони амниятӣ-дифоӣ бо Амрикоро аз парвандаи оддисозӣ бо режими Исроил ҷудо намояд, вале Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико бо сароҳат эълом кард, ки созишномаи оддисозии равобит бо Тел-Авив пешшарти имзои паймони амниятӣ миёни Амрико ва Арабистон мебошад.

Аз сӯи дигар Арабистони Саудӣ борҳо аз забони масъулони аршади худ муддаӣ шудааст, ки ҳаргуна оддисозӣ бо режими Исроил вобаста ба он хоҳад буд, ки кишвари Фаластин ба пойтахтии Қудси Шарқӣ дар марзҳои 1967 ташкил шавад.

Бо ин ҳол, режими Исроил борҳо гуфтааст, ки ҳар гуна оддисозии равобит бо Арабистон бедуни шарти ташкили кишвари Фаластин хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад