Кишварҳои узви СҲШ тавофуқномаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ имзо карданд

Вазирони додгустарии узви Созмон ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ)  дар нишасти маҷозӣ, ки ба раёсати вазири додгустарии Қазоқистон анҷом шуд, тавофуқномаи муштамил бар 4 бандро бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва афзоиши сатҳи муносибати ин кишварҳо ба имзо расонданд.

Вазирони додгустарии узви Созмон ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ)  дар нишасти маҷозӣ, ки ба раёсати вазири додгустарии Қазоқистон анҷом шуд, тавофуқномаи муштамил бар 4 бандро бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва афзоиши сатҳи муносибати ин кишварҳо ба имзо расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон;

Вазирони додгустарии кишварҳои узви ин созмон бо таъкид бар тафоҳуми мутақобил ва бо дар назар гирифтани тавофуқот ва вазоифи пешбинишуда дар стратегияи тавсеаи СҲШ то соли 2025, дар хусуси идомаи ҳамкориҳо мутобиқ бо аҳдоф ва усули маншури созмон, муоҳидаи ҳамсоягии дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои узв ва стратегияи тавсеаи СҲШ то соли 2025 ба тавофуқ расиданд.

Нишасти баъдии вазирони қонун ва додгустарии кишварҳои узв Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2025 ба мизбонии Русия баргузор хоҳад шуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Путин гуфт, фаъолиятҳои муштарак дар чорчӯби Созмони Ҳакориҳои Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд мубтани бар эҳтироми мутақобил ва риояти манофеъи якдигар аст ва имкони ҳалу фасли бисёре аз масоъил ва қабл аз ҳар чиз муҳофизат дар баробари таҳдидоти хориҷӣ ва тақвияти амният ва суботи байналмиллалӣ ва минтақаиро фароҳам мекунад.

Таъкиди Раиси Ҷумҳӯри Русия бар зарурати ҳамкории ҳарчӣ бештари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд бо таваҷӯҳ ба таҳавулоти чанд соли ахир ба вижа талоши густардаи Амрико дар раъси булуки Ғарб барои муқобила бо Русия ва Чин ба унвони ду узви калидии Созмони Ҳамкории Шанхай ва низ иқдомоти хасмонаи Ғарб алайҳи Русия ба унвони узви калидии Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд сурат гирифтааст.

Ғарбиҳо дар қолаби НАТО дар даҳҳаи ахир талоши мутамаркиз барои густариши НАТО ба сӯйи Шарқ ва низ дахолат дар умури дохилии кишварҳои мустақили Ҳамсуд дар қолаби барпоии инқилобҳои рангин дар ин кишварҳо анҷом додаанд.

Путин дар ин замина мегӯяд: идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад