Имкониятҳои анҷумани иқтисодии Санкт-Петербург барои Тоҷикистон

Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз ҷумла метавонад, майдоне барои баррасии вазъи Афғонистон бо бозигарони минтақа дар фазои ғайрирасмӣ гардад. 

Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз ҷумла метавонад, майдоне барои баррасии вазъи Афғонистон бо бозигарони минтақа дар фазои ғайрирасмӣ гардад.

Ба гузориши манбаъ:

Ҳузур дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИП) метавонад ба Тоҷикистон барои барқарор кардани робитаҳо бо намояндагони кишварҳои ҳамсоя кумак кунад.

Дар ин бора раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Русия Муҳаммад Сурхов ба Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ин чорабинӣ як ҳайат аз Тоҷикистон ҳузур дорад, ки аз ҷумла ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷират низ машғул аст.

Дар мавриди ҳамсояҳо, ба гуфтаи Сурхов, бо дарназардошти ҳузури намояндагони мақомоти Афғонистон дар ин ҳамоиш, ФБИП метавонад як платформаи хубе барои баррасии вазъи Афғонистон бо бозигарони дигари минтақа дар фазои ғайрирасмӣ гардад.

Вай шарҳ дод:

“Ҳамоиш барои гуфтушунид дар асоси шартҳои мутақобилан судманд муфид хоҳад буд, зеро барои мо ҳамчун ҳамсояҳо сулҳу оромӣ дар Афғонистон хеле муҳим аст”.

Дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ – 2024, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, намояндагони бахши хусусию давлатии кишварҳои гуногун ҳамкориро баррасӣ доранд

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ҳаҷми умумии гардиши моли Федератсияи Русия бо хориҷи наздик 7% – аз 52,5 то 56,2 млрд доллар афзоиш ёфта, Қазоқистон шарики асосӣ шудааст.

Мубодилоти тиҷории Русия бо кишварҳои ҳамсоя дар соли 2023 афзуда, ба сатҳи рекордии 56,2 миллиард доллар расид.

Тибқи ҳисобҳои РИА “Новости” бар асоси омори миллӣ, шарикони асосии тиҷорат Қазоқистон, Узбакистон ва Арманистон мебошанд.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии гардиши мол бо хориҷи наздик 7% – аз 52,5 то 56,2 млрд доллар афзоиш ёфт.

Қазоқистон шарики асосии тиҷоратии Русия дар байни кишварҳои ҳамсояи Осиё гардид: гардиши мол бо он дар давоми сол мӯътадил боқӣ монда, 26 миллиард долларро ташкил дод. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад