Ал-Азҳар: сукути ҷаҳон дар баробари фасоди густардаи саҳюнистҳо ҷоиз нест!

Маркази исломии Ал-Азҳари Миср дар вокуниш ба куштори садҳо фаластинӣ дар Насироти Ғазза тавассути саҳюнистҳо, баёния содир кардааст.

Маркази исломии Ал-Азҳар дар вокуниш ба куштори садҳо фаластинӣ дар Насироти Навори Ғазза, ки рӯзи гузашта аз сӯи режими ғосиби Исроил анҷом шуд, эълон кард: сукути ҷаҳон дар баробари фасоди густардаи саҳюнистҳо ҷоиз нест ва ин ҷиноят лаккаи нанге барои башарият аст.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Ал-Азҳари Миср, ин марказ, ки муҳимтарин ниҳоди исломӣ дар ин кишвар ба шумор меравад, бомдоди имрӯз якшанбе дар вокуниш ба қатил ом ва куштори фаластиниҳо дар урдугоҳи Насироти Навори Ғазза баёнияе содир кард.

Ал-Азҳар дар баёнияи худ, қатли оми даҳҳо нафар аз фаластиниҳои ғайринизомӣ дар Насиротро ҷинояти ваҳшиёна донист ва гуфт, ки террористҳои исроилӣ бар рӯи замин фасод ва зулми густарда муртакиб шудаанд.

Ин маркази исломӣ дар баёнияи худ овард: кушторе, ки беш аз дусад қурбонӣ ва садҳо захмӣ дар пай дошт, ҷинояти ҷадиде аст, ки ба корномаи сиёҳи режими саҳюнистӣ дар қиболи фаластиниҳои соҳиби замин изофа мешавад ва таъкиде барои ҷаҳониён аст, ки онҳо дар ҳоли иртикоби наслкушӣ бар рӯи замини Фаластин ҳастанд.

Ал-Азҳар зимни маҳкумияти ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ, аз ҷомеаи байналмилалӣ ва соҳибони виҷдони озод хостааст, ки хунрезӣ дар Ғаззаро мутаваққиф кунанд ва ба ҳимоят аз ғайринизомиёни зану кӯдак ва пиру ҷавон иқдом кунанд ва режими саҳюнистиро ба хотири нақзи қонунҳои байналмилалӣ муҷозот карда, дар қиболи ҷиноятҳои террористҳои саҳюнистӣ, ки фасодро бар рӯи замин густариш додаанд ва лаккаи нанге бар пешонии башарият нишондаанд, сукут накунанд.

Ин маркази исломии Миср, шароити буҳронӣ ва ғайриинсонӣ дар Ғаззаро дар натиҷаи ҳимоятҳои бархе аз режимҳо донист ва гуфт: Ғазза бо ҳимояти бархе режимҳо ва давлатҳо мавриди наслкушӣ қарор мегирад ва ҷиноятҳои саҳюнистҳо лаккаи нанги башарият аст.

Режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе дар идомаи ҷиноятҳои худ қатли оми ҳавлнокеро дар урдугоҳи Насирот дар маркази Навори Ғазза анҷом дод.

Дафтари иттилоърасонии давлати Навори Ғазза дар ин бора эълон кард, ки шумораи шаҳидони ҷинояти ваҳшиёнаи ишғолгарон дар ин урдугоҳ то ин лаҳза ба 210 нафар расида ва шумораи маҷрӯҳон низ беш аз 400 нафар аст.

Артиши режими саҳюнистӣ зӯҳр шанбе муддаӣ шуд, ки дар амалиёти худ дар маркази урдугоҳи Насирот дар Навори Ғазза тавонистааст чаҳор асири саҳюнистро озод кунад ва онҳо дар вазъияти хубе ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад