Русия хостори оташбас дар Ғазза шуд

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе эълом кард, Сергей Лавров, дар тамоси телефонӣ бо Исроил Катс, вазири умури хориҷаи режими саҳюнистӣ, хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, хабаргузории ТАСС гузориш дод, ки дар идомаи ин баёния омадааст: Тарафайн дар мавриди вазъияти Ховари Миёна бо тамаркуз бар минтақаи даргирии Исроил ва Фаластин табодули назар карданд.

Бар асоси ин баёния, Лавров бо тавваҷуҳ ба идомаи амалиёти низомӣ дар Навори Ғазза ва ҳамчунин афзоиши танишҳо дар Каронаи Бохтарӣ ва дар марзи Исроил ва Лубнон, бар зарурати поён додани фаврии амалиётҳои низомӣ ва тазмини шароити лозим барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба ҳамаи афроди ниёзманд таъкид кард.

Дар ин баёния афзуда шудааст, ки дар ин гуфтугӯ ба мавзӯи озодии шаҳрвандони Русия, ки дар Навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд, тавваҷуҳи вижа шуд. Русия бар аҳамияти идомаи талошҳои фаъол барои озодии ҳамаи асирон таъкид кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад