Макрон: Барои Украина ҷангандаҳои Мираж мефиристем

Раисҷумҳури Фаронса аз тасмими ин кишвар барои ирсоли ҷангандаҳои Мираж барои Украина хабар дод.

Ба гузориши телевизиони Фаронса имрӯз ҷумъа бо интишори гузорише эълом кард, ки Эммануэл Макрон раисҷумҳури ин кишвар ваъда дод, ки Париж ҷангандаҳои Мираж 2000-ро барои Украина ирсол хоҳад кард.

Бар асоси эъломи ин расона, раисҷумҳури Фаронса дар ин хусус изофа кард, ки Париж дар садад аст то халабонони украиниро ҳам дар ин робита омӯзиш диҳад.

Вай пас аз дидор бо “Владимир Зеленский” раисҷумҳури Украина дар қасри Елисей афзуд, ки Фаронса 4 ҳазор ва 500 низомии украиниро омӯзиш медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, Макрон дар суханони субҳи ҷумъаи худ мушаххас накард, ки Фаронса чӣ теъдод Мираж, то чӣ замоне ё таҳти чӣ шароити молӣ ба Украина ироа хоҳад кард.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар идома афзуд, ки ба таври маъмул байни 5 то 6 моҳ барои омӯзиши низомиёни украинӣ замон лозим аст ва бинобар ин омӯзиши халабонон то поёни соли мелодӣ тӯл хоҳад кашид.

Макрон хотирнишон кард, ки ҳамкорӣ байни ду кишвар оғоз шуда ва интиқоли ҷангандаҳои Мираж 2000 сохти ширкати фаронсавии «Дасо» ба Украина анҷом хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Украина ва вазири дифои ин кишвар низ дирӯз аз тамоми муттаҳидони Киев хостанд то сарбозони украиниро сареътар омӯзиш диҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи се шанбе дар суханоне ҳушдор дода буд, ки ҳар як аз мураббиёни фаронсавии ҳозир дар Украина дар зумраи «аҳдофи машрӯъи» Маскав хоҳанд буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад