Қарордоди корӣ талаби нави Русия аз муҳоҷирон

Беш аз 60 муҳоҷири тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳангоми номнависӣ дар Идораи муҳоҷирати Русия аз онҳо дархости корфармо ва қарордоди корӣ талаб шудааст.

Беш аз 60 муҳоҷири тоҷик дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳангоми номнависӣ дар Идораи муҳоҷирати Русия аз онҳо дархости корфармо ва қарордоди корӣ талаб шудааст.

Ин гурӯҳи муҳоҷирон ду сол боз дар хобгоҳе дар пойтахти Русия зиндагӣ карда, бори аввал бо чунин мушкил дучор мешаванд. Соҳиби хобгоҳ ҳам хостааст, талаботро риоя кунанд, вагарна дардисар хоҳад овард.

Яке аз муҳоҷирон рӯзи 3-юми июн. Ба далели амниятӣ ному насаби мусоҳиби мо дар Русия нашр намешавад гуфт:

“Дар огоҳномае, ки дар девори хобгоҳ нашр шудааст ва мо онро дастрас кардем, барои муҳоҷирони қирғизу узбек панҷ талабот, вале барои шаҳрвандони Тоҷикистон шаш талабот зикр шудааст” .

Тибқи ин санад, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, бар иловаи патенту сабтином, корфармо бояд тасдиқ мекунад, ки муҳоҷирон аз Тоҷикистон воқеан коргари ширкати ӯ ҳастанд ва замонат бидиҳад, ки “қонунҳои Русияро риоя мекунанд.” Ҳамзамон муҳоҷирони тоҷик бояд қарордоди кориро бо худ баранд.

Мақомоти Русия ҳанӯз ин мавзуъро шарҳ надодаанд, вале соҳиби хобгоҳе, ки дар он муҳоҷирон зиндагӣ мекунанд, тасдиқ кард, ки талабот танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон рабт дорад.

Маъмулан раванди дар қайд гузоштани муҳоҷиронро дар Русия соҳибони хобгоҳ ё соҳибони хонаҳои иҷора анҷом медиҳанд. Соҳиби хобгоҳ гуфт, дар Идораи муҳоҷират гуфтаанд, ин қоидаи навро ҳамчун чораи эҳтиётӣ пас аз ҳамла ба “Крокус Сити” ҷорӣ кардаанд.

Дар қонуни Русия дар бораи муҳоҷират низ ишорае ҳаст, ки кормандони Хадамоти муҳоҷират барои мутмаин шудан ҳақ доранд, барои тасдиқи ҷои кору зиндагӣ аз коргарони хориҷӣ санади бештар талаб кунанд.

Пас аз ҳамла ба толори “Крокус” дар моҳи март, ки 12 тоҷикро дар он гумонбар карданд, мақомоти Русия фишорро болои муҳоҷирони тоҷик афзоиш доданд. Дар се моҳи охир садҳо муҳоҷирро аз Русия ихроҷ карданд ва ба ҳазорон нафари дигар иҷозаи вуруд надоданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Дар баробари афзоши ихроҷ ба гуфтаи ВКД, шумори ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст.

Дар соли ҷорӣ мизони ихроҷи хориҷиҳо аз Русия ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.

Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷӣ, ки қонунҳои Федератсияи Русияро нақз кардаанд, аз ин кишвар ихроҷ шудаанд.

Ин назар ба ҳамин давраи соли 2023 қариб ду баробар зиёд аст.

Тибқи гузориши таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Русия, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ФР 38 ҳазор қарор қабул шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 28,5% зиёд аст.

Ҳамчунин дар ин давра, 669 нафари дигар аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд, гузориш медиҳад, ин ниҳод.

Илова бар ин, ба гуфтаи ин ниҳод, шумори ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ 2,5 маротиба (ба 676) афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, пулис вуруди ҳудуди 79 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба Федератсияи Русия манъ кардааст, ки нисбат ба чаҳор моҳи соли 2023 қариб 24 ҳазор нафар бештар аст.

Ҳамчунин, шумори иҷозатномаҳои муваққатии иқомат-РВП 40% ва шумораи иҷозатномаҳои иқомат – ВНЖ 20% кам шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад