Эъломи ҷузъиёти тоза аз сохти нахустин масҷиди зер обии ҷаҳон дар Дубай

Кори сохти нахустин масҷиди зер обии ҷаҳон дар Дубай ба зудӣ оғоз ва пешбинӣ мешавад сохти ин масҷид 15 миллион доллар ҳазина дошта бошад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, идораи умури исломӣ ва фаъолиятҳои хайрияии Дубай (IACAD) эълом кард сохти нахустин масҷиди зериобии ҷаҳон дар ин иморат ба зудӣ оғоз мешавад.

Ин масҷид аввалин соза аз ин даст дар ҷаҳон бо меъмории хос дорои се табақа хоҳад буд. Тибқи тасовири мунташир шуда аз нақшаҳои ин масҷид, ниме аз ин соза ба ҳамроҳи қисматҳои нишиман ва кофишоп, болои об хоҳад буд, дар ҳоле, ки ними дигар аз ҷумла як салон, ки ба унвони намозхона истифода мешавад дар зери об қарор хоҳад дошт.

Ин масҷид зарфияти ҳудуди 50 то 75 намозгузорро хоҳад дошт, ки таҷрибаи беназире аз иқомаи намоз дар зери об хоҳанд дошт. Ин созаи ғӯтавар дорои вузӯхона ва дастшуӣ низ хоҳад буд. Созандагон баровард мекунанд сохти ин масҷд 14,9 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт.

Барномаҳои ин масҷид дар ҳоле эълом шуд, ки идораи умури исломӣ ва фаъолитҳои хайрияии Дубай дар мавриди ин пружаи гардишгарии динӣ ҷаласае баргузор кард.

Аҳмад Ал-Мансурӣ, аз аъзои ин созмон гуфт, ки сохту сози ин масҷид дар Дубай ба зудӣ оғоз хоҳад шуд, аммо макони дақиқи масҷид ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Аҳмад Ал-Мансурӣ гуфт: ин масҷид бисёр наздик ба соҳил хоҳад буд ва намозгузорон метавонанд аз тариқи пули муттасил ба хушкӣ вориди ин масҷид шаванд.

Вай гуфт, ки масҷид ба рӯи афроди аз ҳар дин боз хоҳад буд, аммо боздидкунндагон мулзам ба пӯшидани либосҳои пӯшида хоҳанд буд ва бояд ба сунан ва одоби исломӣ пойбанд бошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад