Қазоқистон Толибонро аз руйхати террористон хориҷ кард

Қосимҷомарт Тоқаев таъкид кард, ки яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъоли Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, дафтари матбуоти раисҷумҳури Қазоқистон эълом кард, ки бо мақсади инкишоф додани ҳамкории иқтисодии ин кишвар бо Афғонистон гуруҳи Толибонро аз руйхати террористон хориҷ кардааст.

Ба гуфтаи Тоқаев, яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳилаи кунунӣ ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар робитаҳои байниминтақавӣ мебошад.

Тоқаев пешниҳод кард, ки талошҳои СПАД ба самтҳои муҳимтарин ва серталабии кор барои кишварҳои узв мутамаркиз шавад ва аҳамияти мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои иттиҳодияро таъкид кард.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин ба дастгирии ташаббуси Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато даъват кард.

Вай изҳор дошт: “Таъмини амнияти шаҳрвандони кишварҳои СПАД, андешидани чораҳои амалии муассир барои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ зарур аст.”

Ахиран, рӯзи 27 май, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки ташаббуси эҳтимолан хориҷ кардани Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ “дарки огоҳӣ аз воқеият аст”.

Бо вуҷуди иртиботи ҷаҳон бо Толибон ба воситаи гузинаи таомули сиёсӣ, аммо давлатҳо то ҳол ин гуруҳро ҳамчун як давлат ба расмият нашинохтаанд.

Тоҷикистон ҳам бо вуҷуди иртиботи сиёсӣ-тиҷорӣ бо гуруҳи Толибон то ҳол ин гуруҳро эътироф накардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад