Даҳҳо ҳазор нафар дар Телавив хостори оташбас дар Ғазза шуданд

Даҳҳо ҳазор нафар дар Телавив бо бастани хиёбонҳои аслӣ бори дигар хостори тавофуқ бо ҷунбиши исломии Ҳамос ва озодии усарои исроилӣ шуданд.

Телавив бори дигар дар шомгоҳи шанбе ва бомдоди имрӯз шоҳиди тазоҳуроти густурдаи даҳҳо ҳазор нафарӣ дар эътироз ба кобинаи Бенямин Нетаняҳу буд.

Таҷаммӯъ кунандагон, ки хостори таваққуфи ҷанг дар Ғазза ва тавофуқ бо муқовимати исломии Ҳамос барои табодули усаро буданд, теъдоде аз хиёбонҳои аслии шаҳрро масдуд карданд, ки ба дахолати неруҳои полис ва заду хӯрд бо мӯътаризон анҷомид.

Шабака ибрӣ забони Кан низ гузориш дод, ки 7 нафар дар ин тазоҳурот дастгир шудаанд, ҳамчунин ҳамсари яке аз усарои исроилӣ ба номи «Айла Мутаҷер» низ дар ҳамлаи неруҳои полиси Исроил захмӣ шудааст.

Дар Телавив садҳо нафар аз минтақаи «Кармел» то «Ҳуриф» роҳпаймоӣ карданд; Ҳазорон нафар низ дар хиёбони 65 дар майдони Каркор ҷамъ шуданд ва шиор доданд. Эътирозоте, ки ҳамонанди ҳафтаҳои гузашта бо майдондории хонаводаи усарои исроилӣ ҳамроҳ буд.

Аммо илова бар Телавив дар ҳудуди 60 минтақа ва шаҳраки саҳюнистнишин низ эътирозоти мушобеҳе баргузор шуд, ки
ин эътирозот як рӯз пас аз суханронии Байден баргузор шуд ва тайи он вай аз Исроил ва Ҳамос хост то фавран барои таваққуфи ҷанг ва табодули усаро тавофуқ кунанд.

Соате пеш низ хонаводаҳои усарои исроилӣ, бо интишори баёнияе аз аъзои кобинаи Исроил хостанд аз тарҳи пешниҳодии Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико барои табодули усаро ҳимоят кунанд.

Шабакаи хабарии Алҷазира ба нақл аз ин хонаводаҳо гузориш дод: «Мо эҳсос мекунем, ки Нетаняҳу дубора талош хоҳад кард то тавофуқи ҷадидро бар ҳам бизанд. Лизо Нетаняҳу бояд сароҳатан мувофиқати худро бо ин тавофуқ эълом кунад».

Дар ин баёния омадааст: аъзои ифротии кобинаи Нетаняҳу ба думболи тадовуми ҷанги бепоёне ҳастанд. Мо ба Гантз ва Эйзенкот мегӯем, ки бояд мутмаин шавед Нетаняҳу ончиро Ҷо Байден  эълом кард, бар ҳам нахоҳад зад. Шумо бояд аз ихтиёроти худ барои ҳусули ин тавофуқ истифода кунанд.

Нахуст вазири Исроил шомгоҳи ҷумъа дар вокуниш ба суханронии Ҷо Байден гуфт: «Ҷанг замоне фақат замоне ба поён хоҳад расид, ки ҳамаи аҳдофи он муҳаққақ шавад, аз ҷумла бозгардонди кулли гаравгонҳо (усарои исроилӣ) ва нобудии Ҳамос)» Бенямин Нетаняҳу ҳамчунин муддаӣ шуд: пешниҳоди дақиқе, ки Исроил ироа карда, аз ҷумла интиқол аз як марҳала ба марҳалаи дигар ба Исроил ин имконро хоҳад дод то ин усулро ҳифз кунад.

Раисҷумҳури Амрико шомгоҳи ҷумъа муддаӣ шуд, ки Исроил тарҳи ҷомеъи ҷадиде барои оташбас дар Ғазза ироа додааст. Ҷо Байден гуфт, ки марҳалаи аввали ин тарҳ 6 ҳафта ба тӯл хоҳад анҷомид ва шомили оташбаси комил ва хурӯҷи неруҳои исроилӣ аз навоҳии пурҷамъияти Ғазза хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Байден, дар марҳалаи баъди тарҳи умдае барои бозсозии Ғазза пешниҳод хоҳад шуд. Байден гуфт медонад, ки иддае дар Исроил, аз ҷумла бархе дар кобинаи Нетаняҳу бо ин тарҳ мухолифат хоҳанд кард.

Вай, ки силоҳҳои пешрафтае дар ихтиёри мошини ҷангии Исроил қарор дода то мардуми Фаластинро ба шаҳодат бирасонад, бо ин иддао, ки «замони поёни ҷанг фаро расидааст», гуфт: набояд ин лаҳзаро аз даст диҳем, балки бояд фурсати сулҳро ғанимат бидонем».

Дар ҳамин робита хабарнигории Алҷазира гузориш дод, ки ҳазорон шаҳракнишини саҳюнист дар баробари сохтумони вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар Телавив даст ба тазоҳурот задаанд.

Расонаҳои хабарӣ гузориш доданд, ки шуморе аз шаҳракнишинони мӯътариз, яке аз вурудиҳои вазорати ҷанги режими саҳюнистиро бастаанд.

Ин шаҳракнишинони мӯътариз дар тазоҳуроти эътирозии худ дар баробари сохтумони вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ хоҳони имзои тавофуқи мубодилаи усаро миёни ин режим ва муқовимати исломии Фаластин дар Навори Ғазза шуданд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки шаҳракнишинони саҳюнистӣ дар ростои эътироз ба сарони ин режим дар ҳоли бастани хиёбонҳо дар нуқоти мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ ҳастанд.

Пеш аз ин низ сарзаминҳои ишғоли борҳо шоҳиди баргузории тазоҳуротҳои эътирозии мушобеҳ аз сӯи шаҳракнишинони саҳюнистӣ ба хусус хонавдаҳои асирон будааст.

Гуфтнӣ аст бо тадовуми ҷанг алайҳи Навори Ғазза ва адами касби ҳаргуна дастоварди низомӣ аз сӯи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ, интиқодҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ алайҳи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим ва кобинаи вай шиддат гирифтааст. Мухолифони Нетаняҳу вайро ба харидани вақт барои боқимондан дар қудрат ҷиҳати фирор аз муҳокима дар парвандаҳои қазоии иқома шуда алайҳи ӯ муттаҳам мекунанд. Илова бар ин хонаводаҳои асирони саҳюнистӣ хоҳони он ҳастанд, ки режими саҳюнистӣ бидуни итлофи вақт ва ба ҳар қиматн асирони саҳюнисти назди муқовимати исломиро дар ҷараёни тавофуқ бо муқовимати Фаластин озод кунад ва аз идомаи ҳамлаҳои бефоида ба Навори Ғазза, ки илова бар куштори Фаластиниён куштори ин асиронро низ дар пай дорад даст бардорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад