Таъкиди Русия бар зарурати тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон

Вазири дифои Русия бо ишора ба авзои Афғонистон, бар лузуми тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо ин кишвар ва дигар чорабиниҳо ва иқдомот дар ҷиҳати тасбити авзоъ дар минтақа таъкид кард.

Вазири дифои Русия бо ишора ба авзои Афғонистон, бар лузуми тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо ин кишвар ва дигар чорабиниҳо ва иқдомот дар ҷиҳати тасбити авзоъ дар минтақа таъкид кард.

Андрей Белоусов, вазири дифои Русия дар нишасти Шӯрои вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Алмаато, бар лузуми тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таъкид кард.

Вай гуфт: вазъияти Афғонистон ҳамчунон ба унвони манбаи аслии бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Гурӯҳҳои родиколи мутааддиде дар қаламрави он ҷои пой пайдо карда ва тарвиҷи афкори худро дар кишварҳои ҳамсоя ташдид кардаанд.

Белоусов дар идома ҳамчунин эҳтимоли густариши гурӯҳҳои роҳзан ва террористӣ ба хориҷ аз марзҳои Афғонистонро рӯ ба афзоиш донист.

Бинобар суханони вазири дифои Русия, ин ҳама мусталзими назорати мустамар ва иқдомоти ба мавқеъ барои тасбити вазъият дар минтақа ба вижа тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад