Ифтитоҳи Бунёди муштараки илмии Тоҷикистону Эрон

Бунёди муштараки илмии Тоҷикистон ва Эрон бо ҳузури вазири тандурустӣ ва сафири Теҳрон дар кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кишвар ва Алиризо Ҳақиқиён, сафири Теҳрон дар Душанбе Бунёди муштараки илмии Тоҷикистону Эронро ифтитоҳ карданд.

Дар маросими ифтитоҳи Бунёди муштараки илмии Тоҷикистону Эрон, вазири тандурустии кишвар бо ибрози хурсандӣ аз фаъолияти корхонаҳои эронӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ байни ду кишварро дар сатҳи бисёр хуб тавсиф кард.

Абдуллозода хостори тавсеаи бештари ҳамкории илмии ду кишвар дар бахшҳои дармон, дору, таҷҳизоти пизишкӣ ва сармоягузорӣ шуд.

Алиризо Ҳақиқиён ҳам тайи суханоне бо истиқбол аз оғоз ба кори Бунёди муштараки илмии Тоҷикистону Эрон ва ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар ҷамъе аз ҳамтаборон, хешовандону бародарону хоҳарони тоҷик, бо ишора ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф ва дурнамои мусбати он, ибрози умедворӣ кард, ки дар оянда ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи саҳаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фанноварӣ беш аз пеш тавсеа ёбад.

Бунёди муштараки илмии Тоҷикистону Эрон бо сармоягузории муштараки бахши хусусии ду кишвар барои фароварии гиёҳони доруӣ таъсис шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад