Намози ҷумъа дар Масҷидулақсо бо ҳузури 40 ҳазор фаластинӣ

Ҳазорон фаластинӣ бо вуҷуд маҳдудиятҳои густардаи режими саҳюнистӣ, намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо ба ҷо оварданд.

Ҳазорон фаластинӣ бо вуҷуд маҳдудиятҳои густардаи режими саҳюнистӣ, намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо ба ҷо оварданд.

Идораи авқофи Қудс эълон кард, ки 40 ҳазор намозгузори фаластинӣ дар Масҷидулақсо намози ҷумъаро иқома карданд.

Намози ҷумъаи имрӯз дар Масҷидулақсо ба рағми маҳдудиятҳо ва тадобири амниятии полиси режими саҳюнистӣ баргузор шуд.

Манобеи маҳаллӣ эълон карданд, ки низомиёни режими саҳюнистӣ дар хиёбонҳои шаҳри Қудс ва манотиқи атрофи Масҷидулақсо ба шакли густарда мустақар шуданд.

Низомиёни саҳюнист дар вурудиҳои Масҷидулақсо, иқдом ба бозрасии дақиқи мадорики шиносоии намозгузорони фаластинӣ карданд ва барои фаластиниҳо маҳдудиятҳои зиёде эҷод карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад