235-рӯз ҷиноят ва шаҳодати 36 ҳазору 96 фаластинӣ дар Ғазза

Вазорати тандурустии Ғазза имрӯз (сешанбе) аз афзоиши шумори шаҳидони ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба ин минтақаи муҳосирашуда хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати тандурустии Ғазза эълом кард, ки артиши саҳюнистӣ дар 24 соати ахир дар навори Ғазза 5 куштор анҷом додааст, ки бар асари он 46 шаҳид ва 110 захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Бар асоси гузориши Алҷазира, ин вазорат дар идома аз афзоиши шумори шаҳидони фаластинӣ аз 7 октябр то ҳол ба 36 ҳазору 96 нафар хабар дод.

Вазорати тандурустии Ғазза ҳамчунин эълом кард, ки дар ин муддат 81 ҳазору 136 фаластинӣ дар навори Ғазза маҷрӯҳ шудаанд.

Аз сӯйи дигар, мудири иҷроияи Ҳилоли Аҳмари Фаластин дар Ғазза эълом кард, ки кормандони пизишкӣ мустақиман ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва аз оғози ҷанг 500 тан аз кормандони пизишкӣ шаҳид шудаанд.

Таҷовузи режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза имрӯз ба 235-умин рӯзи худ ворид шуд, дар холе ки чиноятхои душман ба мукобили ахолии осоишта давом дорад, неруҳои ҷабҳаи муқовимат низ дар меҳварҳои гуногуни ҷанги заминӣ ба артиши ин режим зарба мезананд.

Муқовимати Фаластин ба раҳбарии Ҳамос субҳи 7 октябр дар муқобили зулмҳои бепоёни саҳюнистҳо бо ҳамла ба шаҳракҳои саҳюнистӣ дар навори Ғазза амалиёти нодиреро оғоз кард ва даҳҳо саҳюнистро асир гирифт. Коршиносон ин амалиётро як шикасти стратегӣ барои режими саҳюнистӣ ва артиши он арзёбӣ мекунанд.

Ин амалиёт сабаби оғози таҷовузи ваҳшиёнаи артиши режими ишғолгар ба манотиқи истиқоматии навори Ғазза шуд, ки то ҳол идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад