Натиҷаи сафари Путин ба Узбекистон; таҳкими ҳамкории дуҷониба

Русия ва  Узбекистон омодаи имзои созишномаҳое ба арзиши беш аз 5 миллиард доллар ҳастанд, қасд доранд гардиши молии муштаракро ба 30 миллиард доллари расонда, дар сохти неругоҳи ҳастаӣ мушорикат дошта ва содироти гази Русия ба ин кишвар низ афзоиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия асри рӯзи якшанбе вориди Тошканд шуда ва дидору музокироти аслии ӯ бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар тӯли рӯзи душанбе анҷом шуд.

Дафтари матбуотии Мирзиёев шаби гузашта дар бораи натиҷаи сафари Путин ба Тошканд, эълом кард, ки дар ҷараёни нишасти Шӯрои манотиқи Русия ва  Узбекистон, бастае аз тавофуқномаҳо ба арзиши куллии беш аз 5 миллиард доллар таҳия шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 лоиҳаи муштарак ба арзиши 4 миллиард доллар дар сатҳи минтақавӣ дар ҳоли иҷро мебошад.

Ҳамчунин ёдоварӣ шуда, ки тайи музокироти раҳбарони ду кишвар аҳдофи ҷадиде таъйин шуд: Афзоиши гардиши молии тиҷорӣ ба 30 миллиард доллар дар солҳои оянда ва дастёбӣ ба сақфи 10 миллиард долларӣ дар арсаи сармоягузории муштарак дар соли 2025. Пас аз музокироти муфассали рӯзи душанбе, Путин ва Мирзиёев баёнияи муштаракеро низ имзо карданд.

Илова бар ин, дар нишасти Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев, санадҳои марбут ба ҳамкории Русия ва  Узбекистон дар заминаи сохти неругоҳҳои ҳастаӣ дар хоки ин ҷумҳурӣ низ ба имзо расид.

Раисҷумҳури Русия дар ин бора гуфт: пратаколе ки имрӯз дар мавриди ислоҳи тавофуқномаи соли 2018 имзо шуд, имкони сохти неругоҳҳои ҳастаии кам қудрат дар Узбекистон бо истифода аз фанновариҳои модерни русӣ ва риояти тамомии стандартҳои эминиро ҳамвор хоҳад кард.

Илова бар ин, Путин таъкид кард, ки интиқол ба истифода аз арзҳои миллӣ дар мубодилоти тиҷорӣ байни Маскав ва Тошканд бисёр муҳим аст. Ба гуфтаи ӯ, саҳми рубл дар равобити тиҷории дуҷониба дар поёни соли 2023 ба 58 дарсад расид, ин рақам ҳамчунон дар ҳоли рушд аст ва ҳамкорӣ байни муассисаҳои молии ду кишвар дар ҳоли тақвият мебошад.

Узбекистон тарафдори тавсеаи бештари гуфтугӯҳои сиёсӣ бо Русия аст

Шавкат Мирзиёев дар дидор бо Путин таъкид кард, ки Узбекистон тарафдори тавсеаи бештари гуфтугӯҳои сиёсии фаъол бо Русия аст. Ӯ ёдовар шуд: Русия шарики стратежик ва муттаҳиди калидии кишвари мо аст. Мо мутааҳҳид ба тавсеаи бештар ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳама ҷониба бо Маскав ҳастем ва аз тавсеаи бештари гуфтугӯҳои сиёсӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ байни ду кишвар ҳимоят мекунем.

Ризояти Путин аз суръати тавсеаи равобити иқтисодӣ байни Маскав ва Тошканд

Раисҷумҳури Русия низ дар ин дидор суръати тавсеаи равобити иқтисодӣ байни ду кишварро чашмгир арзёбӣ ва таъйид кард, ки гардиши молии тиҷории дуҷониба ба 10 миллиард доллар расида ва дар соли ҷорӣ 30 дарсад рушд дошта, ки натиҷаи бисёр хубе аст.

Илова бар ин, вай зикр кард, ки пас аз созишномаҳои сеҷонибаи соли 2023 дар мавриди содироти гази Русия тавассути қаламрави Қазоқистон ба Узбакистон ба маблағи 2,8 миллиард метри мукааб зарфияти ин лӯла афзоиш ёфта, ба 11 миллиард метри мукааб мерасад.

Владимир Путин пас аз маросими таҳлиф ва дар сеюмин сафари хориҷии худ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард. Ва агар сафари ӯ ба Чин ва Беларус ҳеҷ саволеро дар миёни нозирони байналмилалӣ эҷод накард, вале боздидаш аз Тошканд барои бисёре ғофилгеркунанда буд.

Зеро Узбекистон бархилофи равобити мустаҳками худ бо Русия, бо тавваҷуҳ ба ин ки ин кишвар бахше аз иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё нест ва ҳатто қаблан аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хориҷ шуда, яке аз шуракои аслии Маскав дар минтақа маҳсуб намешавад ва ин сафар нишонгари чархиши муҷаддади Русия ба самти тавсеаи равобит бо Узбекистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад